Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » АВВАЛИН ТАФСИЛОТИ СӮХТОР ДАР БОХТАР (АКСҲО + ВИДЕО)


АВВАЛИН ТАФСИЛОТИ СӮХТОР ДАР БОХТАР (АКСҲО + ВИДЕО)



Бо гузашти қариб 2 соат аз оғози сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар, ҳанӯз ҳам алангаи оташ хомӯш нашудааст. 

Мошинҳои зиёди оташнишонӣ дар маҳаллӣ рӯйдод кор мекунанд.

Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳам ҳузур доранд.

Тавассути баландгӯякҳо аз мардум даъват мекунанд, ки эҳтиёт бошанд.

Соҳибкорони қисмати носӯхтаи бозор молу колояшонро берун оварда истодаанд.

Сабаби сӯхтор ҳоло маълум нест, миқёс ва ҳаҷми зарари он низ.

Дар бораи талафоти ҷонӣ хабар нест.

Асосан қисмати қолинфурӯшон, бозори матоъ ва фурӯшгоҳи маҳсулоти заргарӣ ба коми оташ рафт.

Барои пешгирӣ аз домангустарии сӯхтор барқ дар маҳалли атрофи бозор ва худи бозор хомӯш карда шудааст.

Роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, масъулон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наҷотдиҳандаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят дар маҳалли рӯйдод қарор доранд.

ВИДЕОГУЗОРИШИ МОРО ДАР КАНАЛИ ЮТЮБИИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" БУБИНЕД

https://youtu.be/20tF9egWZws

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода