Солеҳи 17-сола чемпиони Осиё шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 822
Солеҳ Маъруфов байни ҳамдиёронаш дар як муддати кӯтоҳ машҳур шуд. Ӯро акнун “Солеҳ-чемпион” ном мебаранд. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Вай имрӯз чемпион аст.
Тамрини зиёд Солеҳ Маъруфовро қаҳрамони Осиё оид ба намуди варзиши дастхобонӣ гардонд. Ӯ дар мусобиқаи сатҳи Осиё, ки аз 23 то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, аз рӯйи ҳамин намуди варзиш дар вазни 45 килограмм ширкат намуд. Дар он варзишгарони даҳҳо кишвари дунё миёни ҳам рақобат карданд. Қаҳрамони матлаби мо дар ин муҳориба ҳамаи рақибонашро мағлуб карда, сазовори мақоми аввал ва медали тилло гашта, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошт.
Солеҳ соли 2005 дар шаҳри Бохтар таваллуд шудааст. Қиссаи ба ин намуди варзиш ҷалб шудани ӯ ҷолиб аст. Зеро, аксарият алҳол фикр мекунанд, ки ин ҷавон аз хурдиаш дар ин риштаи варзиш тамрин намудаву соҳиби медалҳо гаштааст. Не, албатта. Солеҳ замоне ба варзиш машғул шуд, ки синфи 9-ро хатм када буд. Пас аз ба итмом расондани таҳсил ӯ қариб як сол дар мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии нақлиётӣ кор кардааст. Ҳамин тавр, падараш рӯзе ӯро ба наздаш хонд ва маслиҳат дод, ки ба варзишгоҳи тавсиядодааш биравад. Рӯзи дигар Солеҳ бо ҳамроҳи дӯсташ Ёқубҷон, ки қаблан дар варзишгоҳ тамрин мекард, меравад. Аз ҳамон рӯз дар қалби ӯ нисбати ин намуди варзиш шавқу завқ пайдо мешавад.
Имрӯзҳо ӯ зина ба зина ба мақсад ва орзуҳои дар пеш гузоштааш мерасад. Зеро ӯ ҳар рӯз ба толори варзишии мактаби муҳорибаҳои олӣ омада, бо ҳамроҳии устоди худ Марат Идрисов нозукиҳои варзиши дастхобониро меомӯзад. Ҳангоме, ки бори аввал бо ҳолати тамрини онҳо таваҷҷуҳ мекунед, дар назари аввал одӣ менамояд. Вале ба ин намуди варзиш машғул шудан кори осон набуда, аз ҳар як нафар эҳтиёткориву чусту чолокӣ ва неруи қавиро талаб менамояд.
Вақте ки мо аз рафти тамрин ва сирри ғолиб шудани Солеҳ наворбардорӣ намудем, дарк намудем, ки варзишгари дастхобон на ҳар кас шуда метавонад. Зеро ин намуди варзиш хатарнок буда, бо як иштибоҳи хурд метавонад дасти варзишгар маъюб гардад.
-Солеҳҷон бо вуҷуди он, ки нав ба риштаи варзиши дастхобонӣ машғул шудааст, то имрӯз боварии моро қонеъ кардааст ва дастовардҳояш дар ин самт зиёд шуда истодаанд. Ӯ яке аз шогирдони бомасъулияту муваффақи мо мебошад. Умед дорем, ки дар оянда, албатта чемпиони ҷаҳон мешавад. Дар ин роҳ ба шогирдам муваффақиятҳои беназирро хоҳонам,- бо ифтихор мегӯяд Марат Идрисов.
То имрӯз Солеҳ дар мусобиқаҳое, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар доир гардиданд, ширкат намуда, соҳиби ҷойи якуму дуюм (дасти чапу рост) гаштааст. Пас аз чанд муддат бошад, дар шаҳри Хуҷанд аз ҳамин намуди варзиш мусобиқа ба роҳ монда шуд, ки Солеҳ дар он аз вазни худаш 10 килограмм зиёд рақобат карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Албатта, дар ин синну сол қаҳрамони Осиё гардидан кори саҳлу осон нест. Вале чуноне дар урфият мегӯянд: “Ҳеҷ ганҷ бе ранҷ ба даст намеояд”. Талошу заҳматҳои ин ҷавони муваффақи бохтарӣ ба ӯ унвони каҳрамони Осиёро дод. Аммо ӯ алҳол аз худ қаноатманд набуда, дар самти варзиши худ пайваста заҳмат мекашад.
Дар бораи нақшаҳои ояндаи худ Солеҳ дар суҳбат бо мо чунин гуфт: “Ҳоло ман барои мусобиқае, ки имсол дар Туркия баргузор мегардад, ширкат кардан мехоҳам. То он рӯз тамринҳоямро ҷиддӣ мегирам ва боварии устодону рафиқонамро соҳиб мешавам. Нияти ман қаҳрамони ҷаҳон шудан ва шарафи Тоҷикистонро баланд бардоштан аст”.
Тибқи иттилои Рухшонаи Шералӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар, дар 4 моҳи соли 2022 варзишгарони шаҳри Бохтар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби 38 медали тилло, 27 медали нуқра ва 19 медали биринҷӣ гаштаанд. Солеҳ Маъруфов аз ҷумлаи чунин ҷавонони муваффақи бохтарӣ мебошад.
Н. САИДАБРОР, Ф. УМАРОВ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...