Дарави ғалла суръат мегирад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 697
Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли ҷорӣ ҳосили фаровони меваю сабзавот, картошка ва масулоти полезӣ пухта расониданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кориашон 26 май ба заҳмати деҳқонони ноҳия шинос шуда, дар ҷамоати «Панҷоб» ба фаъолияти хоҷагии “ТОҶ АГРО”, ки 70 гектар замини обӣ доранд, онро самаранок истифода мебаранд, шинос шуданд.
Хоҷагӣ дар 35 гектар токзор барои содирот бунёд намудааст. Ҳамчунин, дар миёни хатҳои ангур тарбузи зери плёнка парвариш кардаанд, аллакай тарбузи онҳо барои ба бозор баровардан омода аст.
Дар минтақаи Кӯлоб, ноҳияи Ҳамадонӣ аввалин шуда, дарави ғалларо оғоз кард. Соли ҷорӣ дар 3485 гектар замини обӣ ва дар 1182 гектар замини лалмӣ ғалладонагиҳо кишт карда, аз ҳар як гектар замини обӣ, аз 50 то 60-сетнерӣ ва аз заминҳои лалмӣ дар умум 30-сентнерӣ ҳосил ба даст оварданианд. Имрӯз дарави ғалла бо суръат давом дорад. Дар майдонҳои холишуда кишти такрорӣ, аз ҷумла, ҷуворимакка, сабзавот, харбузаю тарбуз идома дорад. Ёдовар мешавем, ки деҳқонони ноҳия нисбат ба солҳои гузашта майдонҳои кишти пахтаро васеъ намудаанд.
Дар ноҳияи Фархор, бахусус дар дашти Ӯртабуз, ҷамоатҳои алоҳидаи ноҳияи Восеъ низ дарави ғалла бомаром пеш меравад. Ҳосили имсола дар ҷамоатҳои “Рӯдакӣ”, “Худоёр Раҷабов”, “Миралӣ Маҳмадалиев” ва “Арал”-и ноҳияи Восеъ фаровон аст.
Ғайбулло Ҳалимов , «Хатлон»