Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Дар вилоят чӣ қадар гӯшту шир истеҳсол шуд?


Дар вилоят чӣ қадар гӯшту шир истеҳсол шуд?



Саршумори чорвои калон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии вилояти Хатлон қариб 27 ҳазор сар афзуда, 1 миллиону 36 ҳазору 380 сарро ташкил намудааст.

Тибқи омори расмӣ, саршумори гӯсфанду буз дар вилоят 2 миллиону 602 ҳазору 730 сар (3,1%), саршумори паранда 2 миллиону 419 ҳазору 732 сар (9,3%) ва саршумори асп 59 ҳазору 776 сар шуда, як фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ 91,2 фоизи саршумори чорвои калон, 76,1 фоизи саршумори гӯсфанду буз, 66 фоизи паранда 72,8 фоизи асп ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Ҳамзамон, истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 4 ҳазору 920 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ҳамин давраи соли гузашта 860,9 тонна ё 21,2 фоиз зиёд мебошад.

Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 4 ҳазору 994,6 тонна расидааст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода