Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Содироти семент бештар мешавад


Содироти семент бештар мешавад



Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2024 содироти сементро ба 2 миллион тонна расонад. Тавре дар пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 зикр ёфтааст, афзоиши солонаи содироти семент 200 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. То он вақт ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи сохтмонӣ ба 7 миллион тонна расонида мешавад.

Дар сохтори саноати ҷумҳурӣ гуфта мешавад, ки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли семент сол аз сол меафзояд. Аммо дар баробари афзоиши истеҳсолот талаботи дохилӣ ба ин масолеҳи бинокорӣ меафзояд. Тамоми талаботи дохилӣ ба семент, ба истиснои сементи ранга (талабот ба миқдори кам), аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ қонеъ карда мешавад.

Феълан дар Тоҷикистон 16 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки иқтидори солонаи онҳо дар маҷмӯъ 5,6 миллион тонна маҳсулот арзёбӣ мешавад. Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол карда шуд.

Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 миллион тонна семент аз ҳаҷми умумии истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя содирот мешавад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода