Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи саноати коркард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 215
Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард нисбат ба семоҳаи якуми соли 2021-ум 19 фоиз зиёд гардидааст.
Тавре ки аз Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 1 миллиарду 206 миллиону 465 ҳазору 500 сомониро ташкил кард. Аз он маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 264 миллиону 839 ҳазору 600 сомонӣ, истеҳсоли маводи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 473 миллиону 814 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 7 миллиону 711 ҳазору 800 сомонӣ, истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 344 миллиону 734 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, ки ҳамзамон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ба қадри 882 миллиону 54 ҳазору 200 сомонӣ қувваи барқ, газ ва об истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 32,1% бештар аст.
http://khatlon-ruznoma.tj/