ОЁ МЕДОНЕД?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 187
1-уми апрели соли 1878 дар яке аз рӯзномаҳои Ню-Йорк хабаре чоп шуда буд, ки гӯё ихтироъкори амрикоӣ Томас Эдисон дастгоҳе ихтироъ кардааст, ки обро ба шароб ва заминро ба дона табдил медода бошад.
Муваффақтарин шӯхӣ дар таърихи 1-уми апрел дар Англия буд ва соли 1698 дар рӯзномаҳои пойтахт эълоне навиштанд, ки муҷассамаҳои маъруфи шерҳо дар бурҷи Лондон шуста мешаванд. Ин эълонро қариб ду аср пай дар пай нашр мекарданд ва мардум ба он бовар доштанд.
Яке аз қаҳваҳои лазизтарини дунё 1-уми апрели соли 1938 дар Швейтсария ихтироъ карда шуд. Аммо мардум фикр карданд, ки онҳоро фиреб мекунанд ва ба ихтирои он бовар накарданд. Дар натиҷа ин навъи қаҳва дар ҷаҳон хело дер маъруф гардид.
Дар Фаронса беҳтарин шӯхӣ дар рӯзи 1-уми апрел ҳамоне ҳисобида мешавад, ки дар пушти “қурбонӣ” расми моҳӣ часпонанд.
Соли 1703 дар Россия намоишгарон эълон карданд, ки намоиши «Иҷрои гӯшношунида» баргузор мегардад. Тамошобинон ҳадду канор надоштанд.
Вақте пардаи театр кушода шуд, дар овезаи калон навишта шуда буд, ки “1-уми апрел ба касе бовар накунед!”. Бо ҳамин намоиши «Иҷрои гӯшношунида»
ба охир расид.
Таҳияи ҶАСУР, “Хатлон”