Кишоварзӣ - сарчашмаи рушди саноат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 137
Вилояти Хатлон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ минтақаи калонтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар самти истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ низ пешсаф аст. Дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ ин раванд боз ҳам нишонрас гардида, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол баланд афзоиш меёбад. Чунончӣ, соли 2021 ин нишондод дар ҳамаи бахшҳои хочагидорӣ наздики 20 миллиарду 695 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати соли пешин зиёд аст.
Боиси қайд аст, ки зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ аз як тараф боиси фаровонии бозори истеъмолӣ ва пурғановат гардидани дастурхони аҳолӣ бошад, аз ҷониби дигар истеҳсоли барзиёди маҳсулот дар рушди саноат мусоидат менамояд. Ин маъниро бо якчанд мисолҳои одӣ метавон баррасӣ намуд. Чунончӣ, зироати аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ин пахта мебошад, ки аввалан барои фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ, заводҳои равғанкашиву истеҳсоли хӯроки чорво, коргоҳҳои собунпазӣ роҳи васеъ кушода, аз дигар ҷиҳат барои рушди фабрикаҳои нассоҷиву дигар соҳаҳои саноати сабук ҳамчун ашёи хоми пурқимат маҳсуб меёбад. Чун ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуръати саноат интихоб гардида, бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ба кишоварзон тавсия дода шуд, ки фаъолияти худро самаранок, яъне бо усули интенсивӣ ба роҳ монанд.
Мутобиқи таҳлилу таҷрибаи ба дастовардаи олимони соҳа ва деҳқонони варзидаи вилоят, даромаднокиро на танҳо аз ҳисоби васеъ намудани майдони кишт, балки аз ҳисоби оқилона истифода бурдани ҳар китъа замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ноил гардидан мебояд. Дар минтақаҳои пахтакори вилоят деҳқонон ин дастуру супориши Ҳукуматро воқеъбинона пазируфта, пахтакориро дар мадди аввали фаъолият гузоштанд. Танҳо даромади соли гузашта деҳқононро бовар кунонд, ки аз як гектар пахтазор даромадеро гирифтан мумкин, ки дар сурати ҳосили якхела гирифтан, баробар ба даромади 3-4 гектар гандумзор аст.
Агар соли 2021 деҳқонони вилоят аз майдони 121136 гектар пахтазор ба ҳисоби миёна зиёдтар аз 22,2-сентнерӣ ҳосил бардошта, ба корхонаҳои пахтатозакунӣ 270000 ҳазор тонна «тиллои сафед» супурда бошанд, имсол аз нақшагузориҳо аён аст, ки дар баробари он ки майдони кишти ин зироати аввалиндараҷаи хоҷагии халқро аз ҳисоби пешина майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ васеътар мегардад, деҳқонон боз ба он мекӯшанд, ки ҳосилнокиро зиёд намоянд. Ба ин хотир, бино ба тавсияи коршиносони соҳа, аз имрӯз омилҳои фаровонҳосилӣ, аз қабили шудгори саривақтӣ, захираи тухмии босифат, киштгардони дувоздаҳмайдонаи зироатро ба нақша гирифтаанд.
То имрӯз дар миқёси вилоят бо истифода аз техникаҳои гуногунтамға наздики 300 ҳазор гектар замин шудгор карда шудааст, ки ағлаби он ба мақсади кишти пахта омода шудааст. Супориши Президенти мамлакат, махсусан ба Вазорати саноат ва технологияи нав ҷиҳати дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешидан, ки дар Паёми навбатӣ садо дод, бешак ба он мақсад равона гардидааст, ки оянда ба соҳаи пахтакорӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Марҳилаи дуюми фаъолияти босамари кишоварзони вилоят ин диққати ҷиддӣ додан ба рушди боғдорӣ мебошад, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат чораҳои судманд дида мешавад. Дар ин замина, боғдорони вилоят бо истифода аз заминҳои бекорхобида ва талутеппа сол аз сол майдони боғоти дарахтони мевадиҳандаро зиёд намуда, ҳамчунин боғоти аз самар бозмонда (куҳна)-ро аз нав барқарор месозанд. Хурсандибахш аст, ки тайи чанд соли охир боғдорони вилоят ба бунёди боғҳои интенсивӣ машғуланд. Ин тадбирҳо имкон фароҳам овардааст, ки бозорҳои истеъмолии шаҳру навоҳии вилоят ва берун аз он тамоми сол бо меваҳои хуштаъми худӣ таъмин бошанд.
Дар муқоиса бо чанд соли пешин ба назар мерасад, ки меваҳои мутобиқи маҳал парвариш меёфта мавқеи меваҳои аз хориҷ воридмешударо батамом танг кардаанд. Чуноне аз маълумоти оморӣ бармеояд, танҳо дар соли 2021 боғдорони вилоят, аз ҳисоби талутаппаҳо дар масоҳати 285,6 гектар боғи нав бунёд намудаанд, ки 104,8 фисади нақшаро ташкил медиҳад. Боиси тазаккур аст, ки васеъ намудани майдони боғот аз як ҷониб боиси фаровонии бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштамъи худӣ бошад, аз ҷониби дигар пайвастан дар рушди саноат аст.
Чунончӣ, барои рушди пиллапарварӣ, ки ашёи хоми пурқимати саноатӣ, пеш аз ҳама тавлиди шоҳиву атлас, адрас ва ғайра ба ҳисоб меравад, васеъ намудани тутзор зарурият дорад. Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат чунин дастур доданд: «…замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд». Аз ин дастури ҳаётӣ, ки боғдорону саноатчиён баробар манфиатдоранд, албатта дар бунёди боғот низ саҳмгузорӣ хоҳанд намуд. Самти дигари фаъолияти кишоварзон, ки ба рушди саноат рабт дорад, ин ҳарчӣ зиёдтар ба даст овардани сабзавот мебошад, ки ба ин мақсад солҳои охир деҳқонон аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истифода мебаранд. Фаъолият доштани гармхонаҳои доимоамакунанда ба коргоҳҳои консервакунӣ, ки як шохаи саноат аст, мусоидат менамояд, ки доиман фаъол буда, ба миқдори бештар банкаҳои шартии консерва истеҳсол ва ба фурӯш бароранд.
Дар чор фасли сол таъмин будани бозорҳои дохилӣ бо сабзавоти тару тоза низ бозгӯйи фаъол будани гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ мебошад, ки деҳқонон онро дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ ташкил намудаанд. Ба ҳамин усул соли гузашта дар майдони наздики 85 гектар гармхонаҳои доимӣ ва 740 гектар гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият доштанд, ки чуноне зикр гардид, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза, ҳамчунин, дар коргоҳҳои консервакуниву шароити хона даҳҳо ҳазорҳо банкаи консерва барои эҳтиёҷоти солона тайёр ва захира карда шудааст. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин, ки гузаштан ба кишвари саноатӣ-аграрӣ на ба мақсади коҳиш додани соҳаи кишоварзӣ, балки рушди саноати худӣ бо истеҳсоли маҳсулоти худии ба моли беруна рақобатпазир вобаста аст, ки барои ин самаранок ва оқилона истифода бурдани имкониятҳои мавҷударо аз кишоварзон тақозо менамояд.
И. ҲАСАНОВ, «Хатлон»