Кирдоре, ки Болтахоновро зиндонии якумра кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 870
23 ноябри соли 2021 суди вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Болтахонов Р. И. дар содир кардани ҷинояти дар моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда бо баровардани ҳукми айбдоркунанда ба итмом расонид.
ДАР ШАРҲИ ЯК ҲУКМИ СУД
Бар асоси маълумоти дар парвандаи ин ҳодиса зикршуда, Болтахонов Р. И., соли таваллудаш 14 сентябри 1976, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Меҳнат, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик мебошад. Мавсуф оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст ва маълумоташ миёнаи умумӣ буда, муваққатан бекору уҳдадори ҳарбӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки Р. Болтахонов қаблан дар Федератсияи Россия бо моддаи 105 қисми 1 КҶ ФР (куштор) гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 7 сол таъйин шудааст.
Аммо, зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ӯ аз 7 соли паси панҷараҳои зиндон сипаришудаи умраш ба худ хулосаи лозимӣ ва дуруст набаровар- да, ба содир намудани ҷиноятҳои ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, таҷовуз ба номус ва одамкушӣ идома додааст.
ҚИССАИ КӮТОҲИ ЯК ҲОДИСАИ НАФРАТАНГЕЗ
Он гунае, ки мақомоти Прокуратура ва Суди вилояти Хатлон аз таърихи ҳодиса гузориш медиҳанд, ҷинояткор Р. Болтахонов рӯзи 16 августи соли равон, тахминан соати 12:20 дақиқа дар ҳолати мастӣ дар назди хонааш духтарчаи навраси ҳамдеҳааш Б.М.-ро, ки он ҳангом бо дучарха машғули бозӣ буд, мебинад. Болтахонов, ки дар ин вақт бар асари нӯшидани шароби зиёд аз ақли солим бегонаву ҳӯшёриро аз даст дода буд, бо ҳисси шаҳвонии ҳайвонии худ дода шуда, бо фиребу ҳиллаҳо наврасро ба манзили истиқоматии худ даровардааст.
Баъдан, дар дохили ҳуҷраи истиқоматиаш ба Б.М. 10 сомонӣ маблағ ва ҳар гуна маҳсулоти хӯрокаи кӯдакона дода, бо вуҷуди огоҳ будан аз он ки вай ба синни 14-солагӣ нарасида, дар ҳолати оҷизона қарор дорад, нисбати ӯ ҳаракатҳои бадахлоқонаро раво донистааст.
Аз кирдорҳои ғайриахлоқии Болтахонов Б.М. ба танг омада, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки бо ӯ ин гуна рафтор накунад. Вале, Болтахонов баръакс бештар аз қабл ба садои нафсу шаҳваташ дода шуд, дар ҳаққи Б.М. озори бештарро раво дида, ба таҷовузи як кӯдаки муштипари 9-сола даст задааст. Дар натиҷаи ин кирдори нафратангез хурдсол Б. М. аз ҳуш рафтааст.
Пас аз ин ҳодиса, Р. Болтахонов ба рӯйи Б.М. об пошида, ӯро ба ҳуш оварда, баъд аз як чанд дақиқаи дигар ӯро, ки хеле беҳолу бемадор шуда буд, дубора мавриди таҷовуз қарор додааст.
Вақте ки хурдсол Б.М.-и азиятшудаи беҳолу бемадор гуфтааст, ки дар бораи ин кирдори содиркардаи Болтахонов ба модараш хабар медиҳад, Р. Болтахонов аз тарси фош шудан ва бо мақсади пинҳон намудани ин ҷинояташ, бо истифода аз ҳолати оҷизонаи ӯ дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи хурдсол Б.М.-ро буғӣ намуда, ӯро ба қатл расонидааст.
Болтахонов ҷасади беҷони ин ноболиғи номуродро дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шабонгаҳ нигоҳ доштааст. Пас аз торик шудани ҳаво, тахминан соати 21-22-и шаб Болтахонови таҷовузкор ва қотил ҷасади Б.М.-ро аз ҳавлиаш бароварда, ба дохили ҷуйбори сементии обгузар, ки дар кӯча, дар рӯбарӯи дарвозаи ҳавлиаш ҷойгир аст, партофтааст.
ҶИНОЯТ ПИНҲОН НАМЕМОНАД
Вобаста ба ин ҳодиса 17 августи соли 2021 аз ҷониби прокурори ноҳияи Хуросон, мушовири адлияи дараҷаи 2, Сайидамир А.Б. нисбати Болтахо- нов Р.И. бо моддаҳои 104, қисми 2, бандҳои “в, л”, 138, қисми 3, банди “а” ва 139, қисми 4, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он аз тарафи шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ аз ҷониби прокурори вилоят, парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди вилояти Хатлон ирсол карда шудааст.
Дар натиҷаи тафтишот ва таҳқиқоти кормандони мақомоти дахлдор ва дар асоси далелҳои бадастомада аз ҷониби суди вилояти Хатлон пар- вандаи ҷиноятии мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳукми суд аз 23.11.2021 Р. И. Болтахонов бо моддаҳои 104, қисми 2, бандҳои “в”, “л”, 138, қисми 3, банди “а” ва 139, қисми 4, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси қисми 3-и моддаи 67-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, ҷазои ниҳоӣ дар шакли якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъйин карда шудааст.
Замоне ки Р. Болтахонов ҷасади беҷони Б.М.-ро дар нисфи шаб аз манзилаш бароварда, дар ҷӯйбори рӯ ба рӯйи хонааш партофт, эҳтимолан гумон карда буд, ки касе дар бораи аз ҷониби ӯ содир шудани ин ҷиноят фикр намекунад ва ӯ низ ба ин васила аз ҷазои ҷиноятҳои содиркардааш дар амон мемонад. Вале, чӣ гунае, ки болотар ишора кардем, ин ноҷавонмард воқеан аз ақлу ҳуш бегона шуда буд. Натанҳо дар ҳолати ҳанӯз мавҷуд будани таъсири шароб, балки ҳатто пас аз чандин соати мастияш низ бо ҳамон ақли кӯтоҳ ва ҳуши ноқис хостааст, ки ҷиноятҳои ваҳшиёнаи содирнамудаи худро пинҳон намояд ва ба таъбири халқӣ, дар пеши мардум худро “мусичаи бегуноҳ” нишон диҳад. Бехабару бефикр аз он, ки ҷиноят пинҳону ҷинояткор бе ҷазо намемонад.
ШАРҲА-ШАРҲА МЕШАВАД ДИЛ АЗ АЛАМ
Вақте бо парвандаи ин қазия шинос мешудаму ҳодисаҳои рухдодаро бо хондан аз парванда пеши назарам меовардам, мехостам, ки доду фарёд даркашам, то гӯши афлок кар шаваду синаҳои ҳама мавҷудот ба ларза биёяд. Дилам бо тасаввур кардани он лаҳзаҳои содир кардани ҷиноят аз ҷониби Болтахонов ба дард меояду чеҳраи маъсуми он гулдухтари талхком ва ҳаракати оҷизонааш, ки мехост аз чанголи як махлуқи ваҳшисират раҳоӣ ёбад, пеши назарам мисли барқ зуд-зуд мегузарад ва буғз гулӯгирам мекунаду қалбам аз алам пора-пора мешавад.
Шарҳа-шарҳа мешавад дил аз алам,Чун гулеро як ғуле канду шикаст.
Акнун Р.И. Болтахонов ба сазои кирдорҳои нохалафонааш расид. Ӯ барои абад аз озодӣ ва зиндагии озодона маҳрум шуд. Ҳиссе дар вуҷуди ҳар як инсони худотарсу бедордил ва оқилу дурандеш ин гуна мегӯяд, ки ин ҷазо барои ӯ ҳанӯз ҳам кам аст... Аммо, аз ҷониби дигар ҳам то андозае ҳам инсон қаноатманд мешавад, ки сахттарин меъёри ҷазо дар кишвар дар ҳаққи ин пардадари номуси мардум раво дониста шудааст.
ТУҒЁНИ СУОЛҲОИ ҶАВОБДОРИ БЕҶАВОБ
Воқеан, як чизи дигар боиси ҳайрат аст, ки бар асоси маълумотномаи судӣ худи Болтахонов Р. шавҳари заневу падари 3 фарзанде будааст. Ин ки агар дар ҳаққи пайвандони худи ӯ ин гуна ҷиноят содир мегардид, ӯ чӣ ҳоле медошт?! Вале, паноҳ аз ин ҳама....
Суолҳои зиёде вобаста ба ин ҳодисаи нангин дар сарам чарх мезананду туғён мекунанд, ки ҳам ҷавоб доранду ҳам беҷавобанд. Масалан, ӯ, ки худ падар буд, намедонам, ки месазад, ӯро ба унвони мушаррафу муқаддаси ПАДАР муносиб донист ё не?!
Ва ё ин ки чӣ гуна метавон ӯро Инсон номид, вақте ҳар ҳаракати анҷомдодааш дар ин масъала аз ваҳшонияту хунхорагӣ ва ҳайвонхӯйӣ нишонаҳо дорад?!
Ин гуна саволҳо дар зеҳнам хеле зиёданд, ки ҳангоми фикр кардан ба ин мавзӯъ бештар азиятам мекунанд. Аммо аз ин ки ҷинояткор ба сазои аъмоли зишташ расидааст, каме ҳам бошад, ором мегирам ва чанд лаҳзае дигар думболи посухҳои қонеъкунандатар барои саволҳои аллакай ҷавобдоштаи зеҳнам намегардам...
ТАМАННОИ САБРИ ҶАМИЛ
(Ба ҷойи хулоса)
Дардовартару аламовартар ин аст, ки ин наврас ҳамагӣ 9 сол дошт ва ҳанӯз хонандаи синфи 3-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Хуросон буд. Хонандаи синфи 3. Ҳанӯз сеюмин баҳори умри донишандӯзияшро надида буд. Ҳанӯз рӯйи саҳифаҳои дафтараш дарсҳои баҳоронаи хешро нанавишта буд...
Суннатуллоҳи Мирзо, “Хатлон”