Панҷгоникҳо чӣ гуна умр ба сар мебаранд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 821
Мо як гурӯҳ кормандони эҷодии рӯзномаи “Хатлон” дар арафаи соли нав ва яксола шудани ин панҷ тифли хуштолеъ ба дидорбинии онҳо рафтем. Баробари ворид шудан ба хонаи пур аз гаҳвора ва шунидани садои гиряву фарёди тифлон моро ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт. Ҳасану Ҳусейн дар рӯйи дастони падару модар, Фотима, Зуҳро ва Бибиоиша дар гаҳвора бо забони ширини кӯдакона бо худ ва атрофиён ҳарф мезаданд.
Боварии кас намеояд ба якборагӣ панҷ тифлро то ба яксолагӣ нигоҳубин ва калон кардан то куҷо мушкил аст, тасаввурношуданист. Албатта, шабҳои сипаригашта бо бедорхобиҳои модар, заҳмати нигоҳубини тифлон мушкил аст, аммо ба якборагӣ панҷ тифли ҳамсинну солро нигоҳубин кардан боз ҳам мушкилтар аст. Ба андешаи модари тифлакон, саломатии онҳо то имрӯз хуб аст. Вазн, фаҳмиш ва ҳаракати онҳо аз рӯйи меъёр аст. Аммо фарзанди калонӣ Ҳасан нисбат ба дигарҳо ҳушёртару зирактар аст. Бибиоиша бошад, аз ҳамаи аккаву хоҳарон охирин ба ҳисоб меравад, аммо аввалин шуда дандон баровардааст. Дар ин шабу рӯзҳо аҳволи ҳар яке аз ин кӯдакон хуб аст ва онҳо мудом дар таҳти назорати табибон қарор доранд.
Модари ин кӯдакон мегӯяд, мехоҳам як писарам духтур ва дигаре журналист шавад. Вақте ки ин тифлакони панҷгоник ба дунё омада буданд, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ, рӯйдоди бесобиқа ба ҳисоб мерафт. Волидайни панҷгоникҳо Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Оиша – Дилноза Мамадова ва Раҳмон Нормуродов сокинони ноҳияи Қубодиён аз ин ҳадяи гаронбаҳо ва фавқулоддаи қисмат хеле розӣ ва бениҳоят шукргузоранд.
Дилноза гарчанде хеле ҷавон аст, вале ба хубӣ аз уҳдаи нигоҳубини тифлакони хеш мебарояд. Ба ӯ ҳамсар, модарарӯс ва ҳамсояҳо низ дар нигоҳубини кӯдакон кӯмак мерасонанд.
Ҳангомаи Исмат,Набиҷони Саидаброр,"Хатлон"