Чаро “Почтаи тоҷик” дар Муъминобод вазифаи худро дуруст иҷро намекунад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 052
(Дар Муъминобод рӯзнома “Хатлон” сари вақт ба дасти хонанда намерасад)
Дар ҳама давру замон почта воситаи расонидани мактубу мавод ба идораву ташкилот ва мардум буду ҳаст. Имрӯз ҳам кори асосии ин ташкилот расонидани рӯзномаву маҷаллаҳо ба идораву муассисаҳои давлатӣ ва ба ҳар як муштарӣ мебошад. Идораи рӯзномаҳо бо намояндагиҳои “Почтаи тоҷик” шартномаи дутарафа мебанданд, ки дар ин асос нашрҳои ҳарҳафтаинаи он таъҷилан ба дасти хонандагон бояд расонида шавад.
Идораи рӯзномаи “Хатлон” низ бо идораи “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон чунин шартнома дошта, миқдори муайяни маблағро барои хизматрасонӣ ба идораи мазкур ва почтаҳои шаҳру ноҳияҳо пардохт менамояд. Идораи “Почтаи тоҷик” дар навбати худ барои сари вақт расонидани рӯзномаи нашргардида вазифадор мебошад. Аммо, дар асоси шартнома ва мувофиқи матлаб амал накардани бархе аз филиалҳои “Почтаи тоҷик” дар шаҳру навоҳии вилоят нигаронкунанда боқӣ мемонад. Рӯзномаи “Хатлон” барои фаҳмидани вазъи хизматрасонии “Почтаи тоҷик” интихобан бо намояндагони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ноҳияи Муъминобод суҳбату омӯзиш гузаронид. Бахусус, рӯзи 6-уми декабри соли равон дар чандин идораву ташкилотҳои ноҳияи мазкур чунин пурсиш гузаронида шуд. Таҳлил ва пурсишҳои мо муайян намуд, ки дар баъзе ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ то 10 шумораи охирини рӯзномаи “Хатлон” ба дасти хонандаи худ нарасидааст. Сабаби сари вақт дастрас нашудани рӯзномаро масъулини ташкилоту муассисаҳои номбурда ба фаъолияти ғайриқаноатбахши идораи “Почтаи тоҷик” рабт доданд.
- Мо ҳар сол ба рӯзномаҳо обуна мешавем. Шахсан худи ман зиёда аз 700 сомонӣ дода, ба матбуоти даврӣ обуна мешавам. Вале сари вақт шумораи нави нашрияҳо ба дасти мо нарасидааст. Махсусан, рӯзномаи “Хатлон”. Худи ман, кадом вақте ба шуъбаи маориф равам ё китобдори мо кадом вақт кораш сабук шуда, аз почтаи ноҳия ин рӯзномаҳоро дастрас намояд, сипас рӯзномаҳоро мутолиа карда метавонем, - мегӯяд ҷонишини директори МТМУ №2-и ноҳия Фарангиз Файзова.
Мавсуф илова намуд, ки ба хаткашони почтаи ноҳия ҷиҳати дастрас нашудани рӯзнома муроҷиат кардем, хаткашон дар гирифтани рӯзнома аз идораи почта худи моро вазифадор шуморид.
Вақте барои муайян кардани сабабу омилҳои сари вақт дастрас нагардидани рӯзнома бо директори идораи «почтаи тоҷик» дар ноҳияи Муъминобод Қурбоналӣ Бобошоев, тариқи суҳбати телефонӣ пурсон шудем, чунин шарҳ дод: «Ин гуна ҳолат ҷой надорад. Мо ҳар як шумораро сари вақт ба ҳар як идораву ташкилот бурда мерасонем. Ҳатто, ба деҳаҳои дурдаст ҳам сари вақт расонида мешавад».
Мавсуф, ҳамзамон иқроромез илова карда гуфт, ки «мушкилиро мо ҳал мекунем».
Дар идораи рӯзномаи “Субҳи меҳнат”-и ноҳия низ тақрибан 10 шумораи охири рӯзномаи “Хатлон” вуҷуд надошт. Рӯзнома шумораи №66-умро ба хонанда пешниҳод карда буд, вале гӯё ба ин ноҳия рӯзнома на бо мошинҳои почта, балки дар болои сангпушт мерафта бошад, ки дастраси кормандони ташкилоту муассисаҳо нагаштааст.
Рӯзномаи “Хатлон” вобаста ба талаботи замон ва хонандаи худ даврияти нашри худро зиёд намуда истодааст, то хабару гузоришҳоро аз воқеиёту ҳаводиси вилоят сари вақт ба самъи аудитория расонад. Дар ҳоле, ки идораи почтаи ноҳияҳо чунин фаъолият намоянд, наметавон гуфт, ки рӯзномаи “Хатлон” ба ҳадафи худ ноил гаштааст. Яъне, дар ин ҳадаф сустфаъолиятии бархе аз идораҳои “Почтаи тоҷик” дар шаҳру навоҳӣ ба мо монеа эҷод намуда истодаанд.
Чанд моҳ қабл низ зимни як сафари гурӯҳи эҷодии мо ба ин ноҳия дақиқ гардида буд, ки рӯзнома дар вақти муайяншуда дастраси хонанда намегардад. Масалан, мо аз “Маркази рушди истеъдодҳо”-и назди шуъбаи маорифи ноҳия дидан карда будем, ки шумораи навбатии рӯзнома ба онҳо нарасида буд. Мисоли дигар китобхонаи №52-и деҳаи Ғеш мебошад. Ба гуфтаи китобдори ин китобхона, сокинон ҳар рӯз омада, аз вай нашри нави маҷаллаву рӯзномаҳои давриро мепурсанд, аммо бинобар сабаби оне, ки ин деҳа аз марказ дур аст, кадом вақте ки худи китобдор ба марказ барои маҷлис равад, баъдан рӯзномаҳоро меорад. Ин дар ҳоле ки аллакай баъзе аз хабару мақолаҳо аҳамияти худро гум кардаанд.
Ин таҳлил давоми ду сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод дар шаш моҳи охир гузаронида шуда, дар дигар шаҳру навоҳии вилоят идома хоҳад ёфт. Ҳадаф аз гузаронидани таҳлили мазкур бохабаршавӣ аз вазъи хизматрасонии “Почтаи тоҷик” ва фаҳмидани то кадом ҳад ба дасти хонанда расидани рӯзнома “Хатлон” мебошад.
Набиҷони САИДАБРОР,
Бохтар- Муъминобод-Бохтар, “Хатлон”