Прокуратураи вилояти Хатлон барои ишғоли мансаби холӣ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 март, Бахш: Эълонҳо, Боздид 1 229
Мансаб: Мутахассиси прокуратураи шаҳри Бохтар
Маоши вазифавӣ 624 сомонӣ.
Талабот нисбати мутахассис:
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ;
-маҳорати кор бо компютер.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 26 марти соли 2021 мебошад.
Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев 8, прокуратураи вилояти Хатлон.
Телефон: (83222) 2-55-00.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04