Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҷавобгарӣ барои мардумфиребӣ


Ҷавобгарӣ барои мардумфиребӣ



Бо ҳукми суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нисбат ба истиқоматкунандаи деҳаи Боғи Зоғони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон Шаҳбоз Абдураҳмонов ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

Тавре дар хабари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, номбурда аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Подшоева Миҷгона Бахтиёровна даромада, худашро бо номи Саидов Умед - ҳамчун корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, ваъда додааст, ки ба ивази 4500 сомонӣ ба ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Даштигуло”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад.

Ба ҳамин монанд, Шаҳбоз Абдураҳмонов боз дар ин давра худро ҳамчунин корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯйиистифодаи боварӣ аз шумораи зиёди шаҳрвандон даҳҳо ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нисбат ба Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои “а,в”, 247 қисми 3 банди “в” ва 247, қисми 4 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ, ба суд фиристонида буд.

WWW.Khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода