Хатлон: Марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-2021"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 957
Аз 11 то 18-уми октябри соли равон аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-Кордон 2021» ба роҳ монда шудааст.
Тибқи иттилои подполковники милитсия Офоқ Қодириён, марҳилаи якуми амалиёт бо номи «Нелегал-Трафик» аз 5 то 12-уми июли соли 2021 дар ҳудуди вилояти Хатлон гузаронида шуда, як қатор камбудиҳо ошкор ва бартараф карда шуданд.
Амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.
Рафти амалиёт аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардид.
Айни замон санҷишҳои назоратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои тиҷоратӣ идома доранд.
Фирдавс УМАРОВ, "Хатлон"