Нақши Рӯдакӣ дар шинохти асолати миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 912
Осмони софу беғубори адабиётро ситораҳои дурахшоне равшан мекунанд, ки дар таҳкиму рушд ва пешравии адабиёти форсу тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд. Бойгонии адабиёти тоҷик хело пурғановату мазмуннок буда, дорои хусусиятҳои тарбиявию ахлоқӣ, ҳаҷвию ишқӣ ва мазмуни баланди маънавӣ мебошад. То ба як замоне шеъри классикӣ дар қолаби махсуси жанрӣ набуд. Шоирон дар жанри умумии шеърӣ, ки ба андозае ба вазну қофия наздик буданд, шеър эҷод мекарданд. Аммо дар ҳаёти шеъру шоирӣ нобиғае пайдо гардид, ки тавонист назмро ба риштаҳои хос ворид намояд ва адабиёти форсу тоҷикро дар таърих ба номи худ сабт кунад.
Мақсад аз варақгардон намудани таърихи адабиёти даврони классик ва пеш аз он, ёдовар шудан аз Одамушшуаро, сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷиқ, устод Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ мебошад. Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд чашм ба дунёи ҳастӣ боз намудааст. Илмҳои замонашро ба куллӣ омӯхта, яке аз номварони даврони хеш мегардад. Устод Рӯдакӣ дар дарбори шоҳ умр ба сар мебурд ва маҳз ҳамин донишмандӣ ва нуктафаҳмиаш буд, ки ӯ дар бар обрӯву эътибори хосса ва шуҳрати зиёд дошт. Ҳарчанд душманони қаттоли адабиёт ба устод Рӯдакӣ душманӣ карданд, вале ба мақсади палидонаашон нарасиданд. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 941 ҳазорон ҳаводорон ва дӯстдорони шеъру шоириро бо хотироташ танҳо гузошт.
Нақши Рӯдакӣ дар шинохти асолати миллӣ ва рушду таҳкими забони форсӣ-тоҷикӣ то ба дараҷае бузуг аст, ки ҳатто ин каломи нотакрорро гоҳо бо номи забони Рӯдакӣ низ ёдрас мешаванд. Васфи бузургию ашъори пурмазмуни Рӯдакӣ дар эҷодиёти адибон дар ҳар як давра бевосита намудор аст. Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар васфи Рӯдакӣ мегӯяд, ки агар замони ҳаёту давраи Рӯдакӣ сипарӣ шуда бошад ҳам, вале дарки мафҳум, мазмуни ашъор ва забони нобу оммафаҳми Рӯдакӣ то абад пояндаву зинда аст:
Баҳори зиндагӣ ҳаргиз намирад,Диёри кӯдакӣ ҳаргиз намирад.Замони Рӯдакӣ бигзашту тай шуд,Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад.Дар эҷодиёти Рӯдакӣ мардию мардонагӣ мавқеи махсус дошта, инсони ҳалиму хоксорро тавсифу таъриф намудааст ва шахси бадрафтору қабеҳалфозро зери тозиёнаи танқид бурдааст. Баднафсию айбҷӯйӣ рисолати ҳамидаи инсонӣ набуда, баски кумак ба барҷомонагону нотавонон нишонаи мардонагии инсон аст,-андеша дорад ӯ. Ба ин маънӣ ишора карда мегӯяд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.Мардӣ набувад фитодаро пой задан,Гар дасти фитодаро бигирӣ, мардӣ!Куллиёти Рӯдакӣ аз ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, достон, мухаммас, мусаммат ва дигар жанрҳои назмӣ иборат буда, қасидаҳои “Модари май” ва “Шикоят аз пирӣ” дар адабиёт мақоми махсусро касб кардаанд. Эҷодиёти дигари устод Рӯдакӣ бо номҳои “Синдбоднома”, “Калила ва Димна”, “Даврони офтоб”, “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён” ва ғайраҳо шуҳрат доранд. Мутаассифона ашъори Рӯдакӣ ба таври комил ба давраи мо нарасидааст. Эҷодиёти Рӯдакиро бештар назм ташкил медиҳад, ки миқдори абёташро Рашидии Самарқандӣ бо чунин тарз баҳо додааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.Шеъри ӯро баршумурдам, сенздаҳ раҳ сад ҳазор,Ҳам фузун ояд агар, чунон ки бояд бишмарӣ. Ҳамчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки Рӯдакӣ дар ҳифзи вожаҳои сирф тоҷикӣ саҳми бағоят бузург гузошта, барои ғанӣ гардидани луғот ва муродифоти калимаҳои забони тоҷикӣ мусоидат намудааст. Дар ашъори пурғановаташ аз истилоҳоти форсии тоҷикӣ истифода бурда, барои нигоҳдории вожаҳои пурмазмуну таъсирнок ҳисса гузоштааст.
Ба манзалату бузургии намояндаи барҷастаи адабиёт-Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ нигоҳ карда, 22-уми сентябрро ҳамчун “Рӯзи Рӯдакӣ” таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат аз ҷониби мақомоту идораҳои дахлдор, муассисаҳои таълимӣ озмуну конфронсҳои илмӣ, шабнишиниҳо маҳфилҳои адабӣ ташкил мегардад. Ин боис мегардад, ки завқу ҳаваси хонандагону ҳаводорони шеъру шоирӣ зиёд гардида, аз ашъори пурғановати эшон бештару беҳтар бархӯрдор гарданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба нақш ва осору пайкори устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Маҳз хизматҳои беандозаи ситораи адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба назар гирифта шуда, як ноҳия, донишгоҳ ва коллеҷи шаҳри Кӯлоб, китобхона дар шаҳри Хоруғ ва чандин кӯчаҳову маҳаллаҳҳо ба номи ӯ номгузорӣ шудаанд. Ҳамчунин дар асъори миллии 500 сомонӣ расми Рӯдакӣ инъикос гардидааст, ки пайк аз волоияту эътибори хосро медиҳад. Дар маркази шаҳри Душанбе сайргоҳи фарҳангию фароғатӣ, ки макони истироҳатӣ ва саргармии сокинони дохилию хориҷӣ маҳсуб меёбад, “Боғи Рӯдакӣ” номгузорӣ шуда, дар дохили он муҷассамаи устод Рӯдакӣ гузошта шудааст.
Ҳамин тавр, Рӯдакӣ аз худмероси гаронбаҳоеро боқӣ гузошт, ки барои зиндагии ояндаи насли инсон дар рӯйи ҷаҳон мактаби панду андарз ва ғуруру хештаншиносӣ аст. Ӯ бо эҷодиёти пурмазмуну таъсирбахшаш дар авроқи таърих ҳамчун суханпардози бузургу номвар сабт гардид. Аз замони зиндагии Рӯдакӣ анқариб 1100 сол гузаштааст, вале то ба имрӯз ашъори ӯ вирди забони ҷаҳониён аст. Агар дар васфи Рӯдакӣ ҳазорон-ҳазор авроқи сафедро сиёҳ кунему садҳо китоб нависем, кам аст. Аз ин рӯ, риштаи суханро бо мисраъҳои пурэъҷозу мазмунноки Шайх Саъдӣ ҷамъбаст мекунем:
Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист, К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро. Ҷасури ҚИЁМИДДИН