Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Пахтачинӣ авҷи тоза мегирад


Пахтачинӣ авҷи тоза мегирад



Пахтакорони соҳибтаҷрибаи ноҳияи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имсол дар майдони 5950 гектар кишти пунбадона гузарониданд. Дар асоси  истифодаи босамари омилҳои агротехникӣ, захираҳои дохилӣ ва маслиҳати мутахассисон нашъунамои ниҳолҳои пахта дар тамоми заминҳои кишт кардашуда, мувофиқи талабот мебошанд.


Хамин аст, ки имрўзҳо заркорони ноҳия ба ҷамъоварии дастранҷи худ дастҷамъона сар карданд. То имрўз ба заводи пахтақабулкунии ноҳия зиёда аз 300 тонна ҳосили аълосифат ворид гардид. Кори ҷамъоварии пахта дар ҷамоатҳои Меҳнатобод, Панҷрўд ва Даштигуло мувофиқ ба талаботи рўз мебошад.

-Мақсади деҳқонони ғайратманди ҷамоати мо он аст, ки ҳосили дар саҳро шукуфтаро дар ҳамин рўзҳои гарму мусоид беталаф ҷамъоварӣ намуда,  ҳосилнокии заминҳоро нисбати солҳои гузашта баланд бардоранд. Барои амалӣ гаштани ин нияти некашон дар саҳро ҳосил фаровон аст,-гуфт раиси ҷамоати Панҷрўд Файзимад Раҷабов.

Ҷамъоварии ҳосили пахта дар дигар ҷамоатҳо низ мувофиқ ба талабори рўз аст. Агар кор бо чунин суръати баланд идома ёбад, нақшаи дурнамо пеш аз мўҳлат ба иҷро мерасад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода