Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Пахтаро аз оташ ҳифз намоед!


Пахтаро аз оташ ҳифз намоед!


Ҳамасола кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят қабл аз оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар хирманҳо, нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркарди пахта корҳои профилактикӣ гузаронида, ба роҳбарону шахсони мутасаддии зиддисӯхтор, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорони алоҳида механизаторону ронандаҳо маслиҳату пешниҳодҳои муфид медиҳанд.

Мутаассифона, бинобар сабаби хунукназарӣ, саривақт наандешидани чораҳои зарурӣ аз тарафи масъулин ва риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳодисаҳои нохуш ба амал меояд. Тавре, ки таҳлилҳо нишон медиҳад, дар бисёр мавридҳо аз сабаби надоштани шарорахомӯшкунак ва ё дуруст набудани дудбарои трактору автомашинаҳои барои ҷамъоварии пахта сафарбаркардашуда пахтаи дар хирманҳо ва дар наздикии роҳҳои мошингард паҳнкардашуда оташ мегирад.

Инчунин, аз шарораи гулхан, беэҳтиётона даргирондани гӯгирд, шамъ, боқимондаи сигор ва ғайраҳо сӯхтор ба амал меояд. Бинобар ин, дар наздикии хирманҳо ва ҷойи нигоҳдории пахта оташ афрӯхтан қатъиян манъ аст. Пахтаи дар мошин ё трактор боркардашударо бо брезент пӯшонидан лозим аст. Ҳамагуна техникаҳое, ки барои ҷамъоварӣ ва кашонидани ҳосили пахта сафарбар шудаанд, бояд бо шарорахомӯшкунаку оташхомӯшкунакҳои тамғаи ОП-5 ва бел таъмин бошанд. Майдончаи пахтахушккунӣ дар хирман бояд мумфарш (асфалтпӯш) ё бо лой ба ғафсии 5 см андова карда шавад.

Истгоҳҳои тракторҳо, автомобилҳо, мошинаҳои пахтачинӣ, ҷойи таъмирикунӣ, равғанмолӣ ва сӯзишворӣ бояд аз хирман на камтар аз 100 метр дур ҷойгир бошад. Ҳангоми дар бордони мошини пахтачинӣ ва ё пахтакашон оташ гирифтани пахта, онро дарҳол дар ҷойи бехавф холӣ карда, чораҳои хомӯш намудани сӯхторро андешидан зарур аст.

Дар хирману корхонаҳои пахтақабулкунӣ аз байни коргарону деҳқонон дастаҳои оташнишонӣ ташкил намуда, ба онҳо тарзи пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхторро омӯзонидан лозим аст. Хирманҳо бояд дар наздикии ҷуйҳо ва ҳавзҳои обдошта ҷойгир шуда, бо олоти аввалиндараҷаи сӯхторхомӯшкунӣ, мотопомпаи обкашӣ таъмин бошанд.

Дар заводҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо, дар он ҷойҳое, ки дар масофаи то 150 метр гидрантҳои оташнишонӣ нест, ҳатман ҳавзҳои об ташкил намудан зарур аст. Агар дар ҳамин масофа дарё ё ҷӯйи об бошад, ба назди онҳо роҳ гузоштан лозим аст. Заводҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо бояд барои хомӯш намудани сӯхтор бо автомобилҳои оташнишонӣ, насосҳои обдиҳӣ, мотопомпаҳо, рӯдаҳо ва милҳо таъмин бошанд.

Ҷамшед Раҳмонзода,
сардори ШНДБС РХДО дар вилояти Хатлон, майори хизмати дохилӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода