Навгониву тозакориҳои “Хатлон” ба ифтихори ҷашнҳои таърихӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 117
Таъмиру тармими ҷорӣ, рангуборкунӣ, тозагиву покизагӣ, насби шиору овезаҳои гуногун дар Идораи рӯзномаи “Хатлон” ҳамарӯза муташаккилона ҷараён дорад. Ин ҳама ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии рӯзномаи “Хатлон” дар асоси нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида сурат мегирад.
Коллективи кормандони рӯзномаи вилоятии “Хатлон” бо рӯҳу илҳоми тоза ва ифтихори баланди ватандориву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ ва ҷашнҳои таърихӣ дар чунин корҳои ободонию тозакорӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Ҳадафи асосӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқи матлаб истиқбол намудан аз ҷашнҳои дарпешистода мебошад. Инчунин, барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонии идора мутахассисони баландихтисос ва кордони соҳаи сохтмон ҷалб карда шудаанд.