19-УМИ АВГУСТ ЗОДРӮЗИ МУБОРАКШО МИРЗОШОЕВ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 2 115
Муборакшо Мирзошоев 19 августи 1961 дар деҳаи Емци ноҳияи Рӯшони ВМКБ Тоҷикистон ба дунё омаддаст. Муборакшоро дар баробари Далер Назар яке аз бунёдгузорони мусиқии навини тоҷик шинохтаанд.
Ҳунарнамоии Муборакшо ё Миша, чунон ки дӯстону дӯстдорони ҳунараш меномидандаш, соли 1988 бо гурӯҳи Далер Назар оғоз шуд. Аз ҳамон замон буд, ки сурудҳои дилангезаш шаҳрошӯбу мардумписанд шуданд. Ӯ сурудҳои ғамгине месуруд, ки ҳар дили ғамдидаву дардошноро хуш меомаданд. Муборакшо ҳунарпешаву овозхони воқеан мардумӣ буд, ки аз синаи мардуми тоҷик бархоста ва дар дилу дидааш ҷо шуда буд. Оҳангу сурудҳояш тоҷиконро дар замоне, ки даст ба гиребони ҳам буданду сипас дар чорсӯи ҷаҳон парешону пароканда шуданд, ҳамдилу ҳамандеш мекард.
Ҳамсару фарзандон барояш азизтарин касон дар ҷаҳон буданд ва мусиқиву оҳангсозиву шеъру таронаро бисёр дӯст медошт. Муборакшо футболдӯст ва мухлиси дастаи «Помир» буд.
Муборакшо бо бисёре аз ҳунарпешаҳо ва овозхонони Русия низ ошно буд, аз он ҷумла бо дастаҳои «А-Студио», «Звуки Му», «Аквариум» ошноӣ дошт ва борҳо дар Маскав консерт баргузор карда буд. Бисёре аз овозхонони русӣ кавер-гунаҳое бар сурудҳояш офаридаанд.