ИМРӮЗ ДАР ТАЪРИХ (19-уми август)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 945
Пас аз даридани пардаи шаб ва дамидани субҳи босафо як рӯзи нав оғоз мегардад. Ҳар рӯз ҳолат, воқеаҳои гуногуне дар ҳар гӯшае рух медиҳад, ки дар таърих сабт мегардад. Хусусан дар санаи 19-уми август ҳолату воқеъаҳои зиёде ба вуқуъ пайвастааст, ки аз таърих зудуда намешавад.
Санаи 19-уми август “Рӯзи байналмилалии аксбардорон” ҷашн гирифта мешавад.
ҲОЛАТУ ҲОДИСАҲОИ РӮХДОДА ДАР ҶАҲОН
Дар ин рӯз соли 1973 дар Юнон монархия расман бекор карда шуд.
Соли 1980 дар фурудгоҳи Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) ҳавопаймо оташ гирифтааст, ки дар натиҷа 301 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1992 Молдова ҳолати фавқулодаро, ки ним сол давом карда буд, бекор кард.