Бӯрёбофӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 020
Бӯрёбофӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки маҳсулоти он аз қадим дар рӯзгори мардум ашёи муҳим ба шумор мерафт. Бӯрё аз поячӯби шикастаи най (қамиш) ба монанди панҷара зич-зич бофта мешавад. Андозаи бӯрё маъмулан 1 метр ба 1,5 метр, баъзан андаке калон ё хурдтар аз ин мешавад. Бӯрёро ба фарши хона барои нам накашидани гилем, қолину палос аз таги онҳо паҳн мекунанд. Ҳангоми бомпӯшӣ дар хонаҳои анъанавии деҳот низ бӯрёро истифода мебаранд. Бӯрёро ба болои васса тунук хобонида, аз болояш андова мекунанд, ё хок мерезанд. Дар гузашта бӯрёро ҳамчун гилем низ рӯйи фарши хона тунук мекарданд. Бӯрё дар тобистон хонаро сард ва дар зимистон гарм нигоҳ медорад.