Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Н. Хусрав. Истеҳсоли маҳсулоти нонӣ 104,4% афзуд


Н. Хусрав. Истеҳсоли маҳсулоти нонӣ 104,4% афзуд



Айни ҳол дар ноҳияи Носири Хусрав ду лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 44,5 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.

Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Носири Хусрав, зимни нишасти матбуотиаш қайд кард, ки ҳаҷми сармояҳои ватанию хориҷии ҷалбшуда дар нимаи якуми соли ҷорӣ 51 миллиону 620 ҳазор сомонӣ ва сармояҳое, ки дар бахши хусусӣ ворид шудаанд, 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси ноҳия ҳамчунин хабар дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиону 639,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки 117,3 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 865 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 104,4 фоиз, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ 100,5 фоиз ва орд 100,6 фоиз зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб 98,5 фоиз кам гардидааст. Сабаби кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб мавҷуд набудани захираи пахта дар ҶДММ «Навбаҳор» мебошад.

Айни замон дар ноҳия 4 корхонаи хурд, аз он ҷумла ҶДММ «Нури Муҳаммад» (самти фаъолияташ коркарди пахта ва истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб) бо 6 ҷойи корӣ, ҶДММ «Дилшоди Ислом» (самти фаъолияташ истеҳсоли гӯшти паранда) бо теъдоди 15 ҷойи корӣ, ҶДММ «Мақсуда» (самти фаъолияташ дӯхти либос) бо теъдоди 15 ҷойи корӣ ва ҶДММ «Навбаҳор» (самти фаъолияташ коркарди пахта ва истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб) бо 8 ҷойи корӣ фаъолият доранд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки нимаи якуми соли равон ҳамагӣ 6 ҳазору 914 адад лампаҳои каммасрафи корношоям ҷамъоварӣ шуда, айни замон дар нуқтаҳои махсуси назди хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия нигоҳ дошта шудааст. Оид ба ҷудо намудани замин барои партовгоҳ ҳамагӣ дар майдони 0,50 га расмӣ кунонида шуда, дар кӯчаи марказии ноҳия ҳамагӣ 10 адад қуттии партовҷамъкунӣ насб карда шудааст.

- Сохтмони 11 синфхонаи иловагӣ барои 400 ҷойи нишаст дар ду баст дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №9, 24, 25-и ноҳия, ки феълан идома дорад, бояд то оғози соли нави таҳсил ба анҷом бирасад, - хабар дод Д. Нишонзода. 
М. Носирҷон,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода