Иштироки 7 ноҳияи Хатлон дар даври ҷумҳуриявии “Андалеб-2021”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 837
Имрӯз, 3 август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияҳои Ҷайҳун ва Рӯдакӣ оғоз мегардад.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат моҳи марти имсол ифтитоҳ ёфта, дар ду давр - ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардид. Дар даври ниҳоии фестивал беҳтарин барномаҳои ҳунарӣ манзури мухлисон ва доварон гардонида мешаванд. Тибқи нақшаи баргузорӣ, 4 август барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт ва Муъминобод, 5 август - ноҳияҳои Хуросон ва Варзоб, 6 август - ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ваҳдат, 7 август - ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Файзобод, 8 август - ноҳияҳои Ёвон ва Ҷаббор Расулов, 13 август - ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ҳисор доир мешаванд.
Фестивал-озмун 15 август ҷамъбаст ва ғолибонаш эълон мегарданд.