400 нафар ба озмун роҳхат гирифтанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 848
Дар шаҳри Кӯлоб ба даври дуюм роҳхат гирифтани беш аз 400 нафар иштирокчӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз маҳбубият касб кардани ин озмун дар байни аҳолӣ ва рӯ ба китобхонӣ овардани шаҳрвандон шаҳодат медиҳад. Бештари довталабонро наврасону ҷавонон ташкил медоданд, ки аксари онҳо дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона иштирок доштанд.
Қадамшо Ҳакимзода, сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯяд: “Аз муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар озмуни мазкур беш аз 300 нафар ширкат варзида, 276 нафари онҳо дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона номнавис шудаанд”.
Имсол барои иштирок дар озмун шумораи калонсолон низ зиёд шудааст, онҳо дар номинатсияҳои гуногун ширкат варзида, намунаи ибрати ҷавонон гардида истодаанд.
Мақсади асосии баргузории озмун низ ҳар чи бештар ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ мебошад ва сол ба сол афзоиши шумораи иштирокчиён аз амалӣ гардидани ҳадафҳои озмун гувоҳӣ медиҳад.
Ш.Сафарзода