Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ЗАМИН - сарчашмаи зиндагии як оилаи заҳматкаш


ЗАМИН - сарчашмаи зиндагии як оилаи заҳматкаш




Бо фарорасии фасли баҳор табиат аз нав эҳё мешавад. Дар ин айём кӯҳу даман, саҳрою водӣ сабзапӯш мегарданд ва ҳавои тоза ба дилу рӯҳи инсон илҳоми нав мебахшад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо марди деҳқон бо умеду орзуҳои нав ба замин рӯ мениҳад, то донаи умед ба хок кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст орад.

Дар  шароити  кӯҳистони Тоҷикистон  кишоварзӣ  кори  осон нест.  Боду  ҳавои  тағйирёбанда,  камии  замини  ҳамвор  ва  душвориҳои табиӣ аз деҳқон сабру таҳаммул ва меҳнати  дучанд  талаб  мекунад.  Бо вуҷуди  ин,  мардуми  заҳматкаш  ҳар як  ваҷаб  заминро  самаранок  истифода бурда, барои ба даст овардани ҳосили хуб талош менамоянд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки замин сарчашмаи ризқу рӯзӣ ва баракати зиндагӣ аст. Аз  ҳамин  хотир,  бо  муҳаббат ба  он  муносибат  намуда,  тамоми қувваю имконияти худро барои обод нигоҳ доштани он равона месозанд. 

Дар  байни  чунин  деҳқонони меҳнатдӯст оилаи Саидаброр Гулов ва  ҳамсараш  Файзигул  Сайдалиева  аз  деҳаи  Садбаргои  Ҷамоати деҳоти  “Чашмасор”-и  ноҳияи  Муъминобод  низ  қарор  доранд.  Онҳо аз  ҷумлаи  нафароне  ҳастанд,  ки тамоми  зиндагии  худро  ба  меҳнати замин бахшидаанд. Ҳар сол бо фарорасии баҳор онҳо дар қитъаҳои замини  дар  ихтиёр  доштаашон  кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ  мемонанд.  Картошка,  бодиринг, лӯбиё,  гандум,  пиёз,  нахӯд,  помидор  ва  дигар  зироатҳо  аз  ҷумлаи маҳсулоте мебошанд, ки дар замини онҳо  парвариш  меёбанд.  Ин  оилаи меҳнатдӯст барои ба даст овардани ҳосили  фаровон  ҳар  сол  бо  масъулияти баланд ба кишту кори баҳорӣ шурӯъ мекунанд.

Тавре  худи  Саидаброр  Гулов мегӯяд:  “Замин  барои  оилаи  онҳо манбаи  ризқу  рӯзӣ  ва  амонати муқаддас  аст.  Заминро  бояд  дӯст дошт ва бо муҳаббат ба он муносибат кард. Агар инсон бо дилу нияти нек меҳнат кунад, замин низ ҷавобан баракат  медиҳад”.  Ин  андеша  аз таҷрибаи  чандинсолаи  ӯ  сарчашма  мегирад.  Зеро  тӯли  беш  аз  се даҳсола  ӯ  ва  ҳамсараш  тамоми  неруи  худро  барои  меҳнат  дар  замин равона кардаанд.

Оилаи  Гуловҳо  дар  ихтиёри  худ ду гектар замин доранд. Аз ин миқдор як гектари он боғ мебошад, ки дар он дарахтони  гуногуни  мевадиҳанда парвариш  меёбанд.  Қисми  дигари замин барои кишти гандум ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешавад. Онҳо ҳар сол бо назардошти талаботи  бозор  ва  имкониятҳои  замин  намудҳои  гуногуни  зироатҳоро кишт  мекунанд.  Ба  гуфтаи  онҳо, гуногун  будани  маҳсулот  имконият медиҳад, ки ҳам оила бо маҳсулоти худӣ таъмин шавад ва ҳам қисме аз ҳосил  барои  фурӯш  пешниҳод  гардад.

Файзигул  Сайдалиева,  ки ҳамеша  дар  паҳлуи  ҳамсараш  дар корҳои  кишоварзӣ  фаъолона  иштирок  мекунад,  мегӯяд,  ки  меҳнати замин  барои  онҳо  мактаби  зиндагӣ шудааст. 

-Мо  аз  хурдӣ  ба  меҳнат  одат кардаем.  Медонем,  ки  агар  инсон меҳнат  кунад,  аз  зиндагӣ  низ  баракат меёбад. Кор дар замин ҳарчанд заҳматталаб  аст,  аммо  натиҷаи  он ҳамеша ширин мебошад, - мегӯяд Ф. Сайдалиева.

Ин оилаи заҳматкаш тӯли қариб 35  сол  аст,  ки  зиндагии  худро  аз ҳисоби  меҳнати  замин  пеш  мебарад.  Дар  ин  муддат  онҳо  бо  сабру тоқат  ва  меҳнати  ҳалол  тавониста-анд  фарзандонашонро  ба  камол расонанд.  Оилаи  онҳо  соҳиби  панҷ фарзанд  мебошад.  Падару  модар ҳамеша  кӯшиш  кардаанд,  ки  фар-зандонашон соҳиби дониш ва касби муносиб гарданд.

Бо  вуҷуди  душвориҳои  зиндагӣ, ин  оила   тавонист   ду   фарзанди   худро  соҳиби  диплом  намояд. Имрӯз  онҳо  дорои  маълумоти  олӣ буда,  дар  соҳаҳои  гуногуни  хоҷагии халқ  фаъолият  доранд.  Ҳамчунин ду  фарзанди  дигари  онҳо  ҳоло  дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил  доранд.  Яке  аз  онҳо  тариқи квотаи  президентӣ  ба  донишгоҳ  дохил  шуда,  дигаре  ба  таври  ройгон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба  номи  Садриддин Айнӣ таҳсил мекунад.

Ин оила дар тӯли солҳои зиндагии  якҷоя  бо  меҳнати  ҳалол  тавонистааст  бори  зиндагиро  бар  дӯш кашад. Онҳо бо арақи ҷабин заминро обод намуда, аз он ризқу рӯзӣ ба даст меоранд.

Ҳамсарон бар ин назаранд, ки замин инсонро сабру таҳаммул ва қаноатмандӣ меомӯзонад. Ба гуфтаи Саидаброр Гулов: «Ҳар донае, ки ба замин мепартоӣ бо умед интизор мешавӣ, ки он сабзида ҳосил диҳад. Ин раванд ба инсон сабрро меомӯзонад».

Имрӯз  низ  бо  фарорасии  фасли  баҳор  оилаи  Гуловҳо  ба  кишту кори  нав  шурӯъ  намудаанд.  Онҳо заминро  омода  карда,  барои  кишти зироатҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ меандешанд.  Ҳар  як  рӯзи  баҳорӣ барои  онҳо  ғанимат  ва  ҳар  рӯзи онро самарнок истифода мебаранд. Меҳнат  барои  онҳо  хастагӣ  намеорад, зеро онҳо медонанд, ки натиҷаи он ҳосили фаровон ва зиндагии пурбаракат хоҳад буд.

Меҳнати  чунин  одамон  арзанда ва  шоистаи  таҳсин  мебошад.  Зеро онҳо  бо  заҳмати  худ  заминро  обод намуда,  барои  рушди  ҷомеа  саҳми арзанда мегузоранд.

Н. САМАДЗОД,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода