Беш аз 10 сокини маҳаллӣ бо чӣ арз ба қабули раиси вилоят омаданд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 939
Пас аз аёдати пирони кор, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри шаҳрвандонро доир намуд.
Беш аз даҳ сокини ноҳия бо арзу матлаби худ ба раиси вилоят муроҷиат намуданд. Аз ҷумла роҳбари Ассосиатсияи истифодабарандагони оби "Дӯстӣ" Мелиқузӣ Саидов ва сокини деҳаи Ё. Каримов Раҳматулло Мирзоев доир ба зарурати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои деҳаҳои ноҳия, сокинони деҳаҳои Қаҳрамон ва Қумшоҳ Ориф Давлатбеков ва Каром Маҷидов оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сокинони деҳаи Бинокор Абдулҳаким Зайниддинов ва деҳаи Лочин Нуров Сангимурод Асроров доир ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалагузорӣ намуданд.
Шаҳрвандон Умар Зоғаков, Қимат Солиева, Гулнора Эшмирзоева, Шавкат Қунаев, Муҳаммадӣ Тӯйчиев ва дигарон низ вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба кумакҳои иҷтимоӣ, иҷозаи сохтмони ошхона дар ҳудуди боғи марказии ноҳия, мустаҳкам намудани 15 км соҳили дарёи Кофарниҳон мусоидату ёрии роҳбари вилоятро дархост карданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур ба масъулони ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ супориш дод.
Пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси вилоят ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффорро доир ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия шунид.
Ҷиҳати фавран ислоҳ намудани камбудиҳо дар самти ҷамъоварии андозҳо, ҳосилғундорӣ аз майдонҳои кишт ва кишти такрорӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба зимистонгузаронӣ, ташкили ҷойҳои корӣ дастур дода шуд.
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”