ХАРИДОР ВА ФУРӮШАНДА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар бозор ду “даъвогар” аст: яке фурӯшанда дигаре харидор. Яке мефурӯшад, дуюмӣ мехарад. Дар байни онҳо доимо баҳсу нофаҳмист. Фурӯшанда маҳсулоташро мехоҳад бо нархи гарон савдо кунад, харидор низ паст наомада, маҳсулотро бо арзиши паст хариданӣ мешавад.
Фурӯшанда сифати маҳсулоташро таъриф мекунад. Аз ҳамин сабаб қимати маҳсулотро боло бардоштааст. Харидор маҳсулоти ӯро наҳ мезанад, беинсофу фиребгар мехонадаш.
Харидор алами қалбашро холӣ карда, назди фурӯшандаи дигар меравад. Ӯ“баинсоф”-у арзонфурӯш будааст. Ду тарбузу ду харбуза мехарад ва ғолибона аз назди фурӯшандаи аввал гузошта меравад.
Рӯзи нав. Шумораи онҳо се нафар шуд: ду фурӯшандаю як харидор. Зан аввал назди фурӯшандаи дуюм (арзонфурӯш) омада, баҳси дирӯзаро бо ин фурӯшанда оғоз мекунад. Саҳнаи дирӯза такрор меёбад. Ин дафъа харидор ин арзонфурӯшро “мехояд”.
Сипас, аз фурӯшандаи якум бо арзиши баланд, бе баҳс тарбузу харбуза мехарад. Фурӯшанда сабаб мепурсад. Ӯ “Маҳсулоташ хому бемазза баромад”,-мегӯяд.
Фурӯшанда ба харидор бо нархи паст ду тарбузу ду харбуза медиҳад. Харидор бо табъи баланд аз бозор мебарояд...
Рӯзи сеюм. Харидор боз дар бозор. Ин дафъа ӯ рост назди фурӯшандаи қимматфурӯш рафта, барои сифати маҳсулоташ ситоишаш мекунад. Фурӯшанда хурсанд мешавад...
Мантиқ: “Арзон бе иллат нест, қиммат бе ҳиммат”, мефармояд мақоли мардумӣ.
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...