БЕ РАНҶ ГАНҶ БА ДАСТ НАМЕОЯД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 21
![]()
Мегӯянд, ки меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ. Дар ҳақиқат чунин аст. Шахсе, ки меҳнат ва талош мекунад, ба тамоми мақсадҳое, ки дорад, хоҳад расид. Бо ҳамин мазмун зарбулмасали халқие ҳаст, ки мегӯянд: "Бе ранҷ ганҷ ба даст намеояд". Маънии ин зарбулмасалро аз сокинони шаҳри Бохтар пурсон шудем. Андешаронии аксари онҳо мазмуни инро дошт, ки бе меҳнат роҳат ба даст овардан ғайриимкон аст.
Сокини шаҳри Бохтар Анвар Ҳафизов андешаҳои худро васеътар баён намуд:
-Одамони дурандеш, оқил, хирадманд ранҷро як усули беҳтарин камолоти инсонӣ меҳисобанд. Онҳое, ки бо ранҷ ганҷ ба даст меоранд, лаззат доранд ва ҳамин заҳматҳову ранҷ дар ҷомеа онҳоро муаррифӣ мекунад. Масалан, кулоҳдӯз барои тайёр кардани як кулоҳ чандин рӯз заҳмат мекашад. Вақте ки заҳмати худро дар сари нафаре мебинад, хастагии ӯ рафъ мешавад. Ҳамин аст лаззати ранҷ, яъне ба даст овардани маҳсули меҳнат. Шахсан ман бе ранҷ ганҷ ёфтанро аслан қабул надорам.
Зиндагӣ афсонае нест, ки мо моҳии тиллоиро дорему дарҳол бадавлат шавем. Марҳила ба марҳила аз ҳамон бозёфти худ шукрона намуда меҳнат мекунем. Аҳли зиё ва равшанфикрон бештар васф кардаанд, ки рӯ ба ранҷ, заҳмат ва меҳнат овардан, воқеан ҳам нишонаи хирадмандии инсон аст ва ҳар шахс ба ин васила метавонад дунёи худро зебо гардонад.
Дар рафти суҳбат суол намудем, ки дар пурсиши оянда кадом зарбулмасалро аз сокинон пурсон шавем.
Зарбулмасали интихобнамудаи Анвар Ҳафизов "Ҳар зоғе доғе дорад" буд, ки дар ҳақиқат ин зарбулмасал маънои амиқ дорад. Худи ӯ ин зарбулмасалро чунин маънидод намуд:
- Шахсоне ҳастанд, ки дар назари мардум гарчанде хушҳол ҳастанд, вале дар қалб зиёд мушкилие доранд.
Аслан, одамони хирадманд онро пинҳон медоранд ва бо гузашти вақт аз пайи рафъи ин мушкилиҳояшон мешаванд. Ногуфта намонад, нест шахсе, ки куллан хурсанд бошаду бе ташвиш бошад. Ҳатто сарватмандон низ дар кору зиндагии худ мушкилоте доранд.
Гуфтан мехоҳам, онҳое, ки имрӯзҳо мушкиле доранд, ноумед нашаванд, чунки ҳар як мушкилот роҳи ҳал дорад...
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
“Хатлон”
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...