Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Такя бар фарҳанги либоспӯшии ниёгон бояд кард


Такя бар фарҳанги либоспӯшии ниёгон бояд кард



Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.


Эмомалӣ РАҲМОН


Либос  дар  ҳаёти  инсон  дар
марҳилаи  аввал  воситаи  муҳофизат
аз омилҳои табиӣ, ба монанди сардию гармӣ буд. Бо пешрафти шуури инсонӣ он ба воситаи пӯшиш ва нигаҳдории бадан табдил ёфт. Дар раванди таърихӣ ва  шароити  табиии  зисти  инсон  дар макони  махсус  ва  ихтирои  матоъҳои гуногуни либос аз нишонаи табақаҳои ҷомеа ва баъдан ба нишонаи миллат табдил ёфт.


Тоҷикон дар  масири  таърих  бо доштани матоъҳо ва ҳатто тарҳи дӯхт ва нақшу нигори либоси миллии худ аз дигар миллатҳо тафовут доштанд. Ниёгони тоҷикон аз замони бостон ҳаёти муқимӣ  ва  шуғли  кишоварзиро  пеша намуда буданд. Ҳаёти муқимӣ ба онҳо шароити шаҳрсозӣ, меъморӣ, ихтироот ва эҷодиётро муҳайё намуда буд. Маҳз бо ҳамин созандагию ихтироот тоҷикон дар офариниши мероси бузурги тамаддуни инсоният саҳми босазо доштанд.


Тоҷикон  аз  замони  бостон  бо  вуҷуди  ба  шуғли кишоварзӣ  масруф  будан, дар  эҷоди  ҳунарҳои  гуногун  низ  саҳмгузор  буданд,  бахусус  бо  кашф  ва  ихтирои  абрешим,  матоъҳои абрешимӣ  ва  нақшҳои  гуногун дар матоъҳои миллӣ ҳамчун  яке  аз  рукнҳои бебаҳои  арзиши  миллӣ  дар арсаи  ҷаҳон  шуҳрат  доштанд.


Бо  талошҳои  зиёди  Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат
муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ғояҳои
миллӣ ва фарҳанги пурғановати мил-лати бостонии тоҷик дар арсаи ҷаҳони
муаррифӣ  гардиданд.  Аз  ҷумла,  ба
рӯйхати фарҳанги ғайримодии ташки-лоти бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО во-рид гардидани«Чакан- ҳунари гулдӯзӣ
дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» дар  соли
2018 ва«Анъанаи  бофтани  атласу
адрас» 4-уми  декабри  соли2023 аз
ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти киш-вар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебо-шанд. Ин иқдомҳои Пешвои муаззами
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба-рои ҳифзу оммавӣ гардонидани мероси
ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ
ва фарҳанги пурғановати миллати бос-тонии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ
яке аз дастоварди муҳим ба шумор ме-равад.
Яке  аз  масъалаҳои  муҳиме,  ки
Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бар
он  эҳтиром  ва  арҷгузорӣ  менамояд, 
пӯшидани либосҳои миллии тоҷикӣ ме-бошад. Ин масъаларо Сарвари давлат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар
Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон  дар  санаи26-уми  декаб-ри  соли2018 чунин  матраҳ  намуда
буданд: «Қобили зикр аст, ки хусусан, 
солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони
давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси
миллӣ зиёд шудааст».
Дар  Паёми  навбатии  Асосгузори
сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои  мил-лат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  аз
16-уми декабри соли2025 бештар ба
масъалаҳои таълиму тарбия, маорифу
илм, саҳми занону бонувон ва навра-сону ҷавонони ин миллати тамаддуно-фар диққат дода шудааст. Масалан, ли-боси маросими тӯёна то ҳол дар миёни
мардуми тоҷик бо ранг ва ҷилои худ аз
либоси рӯзмарра тафовут дошта, ли-боси маросимии азодорӣ низ бо ранг
ва тарҳи худ фарқияти зиёд дорад. Дар
партави суханони Сарвари давлат як
қатор сарчашмаҳои таърихӣ, аз қабили
«Шоҳнома»-и  безаволи  Абулқосим
Фирдавсӣ шаҳодат медиҳад, ки либо-си  ниёгони  мо  бо  рангу  тарҳи  дӯхти
худ ба маросиме хос будааст. Маса-лан, ранги либоси мотамӣ дар достони
«Огоҳӣ ёфтани модар аз кушта шудани
Суҳроб»-и«Шоҳнома» чунин  оварда
шудааст: 
Дари хонаҳоро сияҳ кард пок, 
Зи коху равоқаш баровард хок.
Фурӯ ҳишт ҷое, ки буд ҷойи базм, 
Аз он базмгаҳ рафта будаш ба разм.
Бипӯшид пас ҷомаи нилгун,
Ҳамон нилгун ғарқ гашта ба хун.
Аз ин бармеояд, ки ниёгони тоҷикон
ғаму азодории худро бо пӯшидани ли-боси  рангҳои  тирадошта  нишон  ме-доданд. Яъне, фарҳанги либоспӯшии
тоҷикон ба худ рамзҳои ифодакунанда
дошта, зебоиҳои табиӣ, ҳолати рӯҳӣ ва
мавқеи  иҷтимоии  шахсро  дар  ҷомеа
нишон медод.
Тоҷикон аз замони бостон фарҳанги
ба бар намудани либосҳои ҷашнӣ, ба
монанди  чакан,  гулдӯзӣ  ва  атлас-ро доштанд, ки ин анъана баъди ба
даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва
тадбирҳои  пайвастаи  Ҳукумати  мам-лакат аз нав эҳё шуданд. Дар гузаш-та  аз  матоъҳои  пахтагии  бо  нахҳои
абрешимӣ  гулдӯзишуда  ва  матоъҳои
атлас пероҳани расмӣ ва ҷашнӣ омода
карда мешудаанд. Либоси рӯзмарраро
аз матоъҳои пахтагии гулбаст ва чит
омода мекарданд. 
Миллати тоҷик аз замони бостонӣ фарҳанги ба бар намудани либосҳои расмӣ, маросимӣ ва ҳамарӯзаро доштаанд.  Инчунин,  интихоби  тарҳ  ва рангҳои либос дар гузашта синну сол,  яъне ҷавон, миёнасол ва пиронсол будани шахсро нишон медод.


Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  суханрониҳои худ  саҳми  арзанда  доштани  занону  бонувони  тоҷикро  дар  пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа ёдовар шуда,  дар оянда баҳри рушди таълиму тарбия ва ба воя расонидани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ талош намудани онҳоро зикр менамоянд.


Бонувони тоҷикро зарур аст, ки бештар ба фарҳанги либоспӯшии ниёгонамон такя намуда, дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ аз ранг ва тарҳҳои шинаму зебои либоси  миллии  тоҷикона  истифода намоянд.  Зеро  дар  паҳн  намудани фарҳанги  либоспӯшӣ  аз  гузашта  то имрӯз мавқеи занон хеле назаррас аст.

З. ЮСУФБЕКОВА, 
М. ШОВАЛИЕВА, 
Б. САФОЕВА, 
кормандони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода