10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2025
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 57
![]()
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025-ро эълон намуд. Тавре раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов иттилоъ дод, натиҷагирӣ бар асоси назарсанҷии хабарнигорони соҳаи варзиш анҷом дода шудааст.
Ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони панҷ намуди варзиш - ҷудо, бокс, қаиқронӣ дар каноэ, гуштии озод ва тенниси рӯйи миз шомил гардидаанд. Ин варзишгарон дар тӯли сол бо натиҷаҳои назаррас дар мусобиқоти байналмилалӣ ва қитъавӣ номи Тоҷикистонро муаррифӣ намудаанд.
РӮЙХАТИ ДАҲ ВАРЗИШГАРИ БЕҲТАРИНИ СОЛ:
Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон), медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”;
Хусравхон РАҲИМОВ (бокс) - барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, медали тиллои мусобиқаи байналмилалӣ дар Оқтови Қазоқистон дар вазни 60 кг;
Темур РАҲИМОВ (ҷудо) - барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни +100 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия, медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”;
Обид ҶЕБОВ (ҷудо) – баран-даи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия, ме-дали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, меда-ли нуқраи “Qingdao Grand Prix 2025” дар шаҳри Тсиндаои Чин;
Акмал УБАЙДОВ (бокс) - барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;
Муҳиддин АСАДУЛЛОЕВ (ҷудо) – қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 66 кг дар шаҳри Лимаи Перу, барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”, медали нуқраи “Abu Dhabi Grand Slam 2025”;
Мадина ҚУРБОНЗОДА (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 52 кг, медали тиллои қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия, медали биринҷии “Dushanbe Grand Slam 2025”;
Шаҳриёр ДАМИНОВ (ка-ноэ) – барандаи медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконги Чин дар каноэи якнафара дар масофаи 3400 метр ва медали нуқра дар масофаи 16 800 метр байни бузургсолон;
Абдулмаҷид КУДИЕВ (гуштии озод) - барандаи медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 65 кило, медали тиллои мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Яшар Доғу дар Туркия;
Саъдӣ ИСМОИЛОВ (тенни-си рӯйи миз) – барандаи медали биринҷии рақобатҳои инфиродӣ байни мардон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ.
«Ду медали нуқрае, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаҳои ҷудо ва бокс соли 2025 ба даст оварданд, беҳтарин дастоварди варзиши кишвар дар ин сол маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин, бояд таъкид кард, ки пас аз пирӯзии гурзандози маъруфи тоҷик Андрей Абдува-лиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, то имрӯз ҳеҷ як варзишгари Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш натавонистааст медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро соҳиб шавад», — изҳор дошт раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...