Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » “АРЗОНӢ”-ҲОИ БОЗОР” (Қиссаи зодрӯзи духтару хоби падар)


“АРЗОНӢ”-ҲОИ БОЗОР” (Қиссаи зодрӯзи духтару хоби падар)




Марҷонаи  понздаҳсола  падарро  ба ҳолаш намонда, якравона талаб дошт, ки  зодрӯзашро  (якуми  январ)  қайд  намоянд. Падар дар ҳолати ногувор монд. Зеро  буҷаи  оилавӣ  хароб  буд.  Инро  ба духтарча  фаҳмонида  наметавонисту вай ҳам ин “дард”-и падарро фаҳмидан намехост.  “Корам  чӣ,  шумо  маблағ  доред ё не! Ман аллакай дугонаҳоямро хабар  кардагӣ,  зодрӯзамро  мегузаронед. Мо-дугонаҳо Соли навро ҳамроҳ мегузаронем”, - мегуфт бомаром Марҷона.

Сафар ноилоҷ монд. Аз ҳамсоя як миқдор маблағ қарз  гирифта,  ба  бозор  баромад.  Нархҳои  осмонии маҳсулот  кайфашро  паронд.  Савдогарон  истифода аз иди Соли нав қимати молу маҳсулоташонро ба осмон  бардоштаанд.  Нархҳои  картошкаю  пиёз,  гӯшту мевагӣ  нороҳаташ  кард.  Аз  тарси  қиматӣ  ба  растаи шириниву  маҳсулоти  донакӣ  ва  обҳои  нӯшиданӣ  надаромад.  Ӯ  зери  лабу  ангуштони  дастро  хобонда, маблағи  сарфмешударо  ҳисоб  мекард.  Бо  маблағи дар ҷайбдоштааш танҳо 25 фоизи фармудаи занро гирифта тавонисту халос.

Мард бо сари хаму борхалтаи холӣ аз бозор берун шуд. Ӯ раҳораҳ дилашро ба худ холӣ менамуду аламашро мебаровард. Норозигии худро аз чунин зиндагӣ ба “соя”-и худ баён мекард: “Нархҳо ба осмон расидаю зиндагии бе ин ҳам гарон боз бадтар шуда, касеро аз ин парвое нест”. Банди ин шикояту арзҳо ба хона расиданашро нафаҳмида монд. Ӯ баробари вориди хона шудан боз аз духтарчааш “танбеҳ” шунид.

-Духтарам,  биё  “маърака”-атро  ба  рӯзи  дигар  монем.  Пас  аз  Соли  нав  ҳамааш  хуб  мешавад,-падар Марҷонаро дилпур карданӣ шуд.

-Чӣ,  ман  духтари  “ҷайра”-ам,  ки  маро  дар  назди  дугонаҳоям  шарманда  мекунед?  Не,  ман  духтари шумо, падару модари азиз ҳастам. Мо Соли навро дар ин  ҷо  гузарониданӣ,  мефаҳмед,  дар  хонаи  мо!-оби чашм карда дилашро кафонд духтар.

Мард дар андешаи фардо, дар ғами боз аз кӣ гирифтани  қарзи  навбатӣ  сар  ба  болин  ниҳод.  Хоб  аз куҷо, роҳи пулёбиро меҷуст. Бо ҳамин ташвишҳо шабро рӯз кард. Қарз наёфта, ба бозор рафт.

...  Сафар  бо  чашмони  хеш  ҳеҷ  бовар  намекард. Дар  як  шаб  дар  бозор  чи  тағйиротҳое  шуда.  Ҳама растаҳо пуропури маҳсулот. Марҳамат, интихоб карда гир, нархҳо бошад, тамоман паст рафта, харидоронро болидахотир медид, дар лабҳо ханда гул мекард, касе аз  нарху  наво  ва  камчинии  маҳсулот  шикояте  надорад. Танҳо ҳамон савдогарони қимматфурӯшро ғамгин медид,  зеро  дигар  фоида  намебинанд.  Бале,  нархи маҳсулот табъи дил, босифат, мисли давраи Шуравӣ.

-Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ шабона вагон-вагон  маҳсулот  омад,  ана  бозорҳо  лабрези  маҳсулот,-хурсандиашонро дошта натавониста мегуфтанд харидорони дигар.- Дар ҳақиқат ман хоб не, бедорам,-гӯён ӯ  ҳам  шодӣ  менамуд  қатори  дигарон.  Акнун  қарз  гирифтан лозим нест. Бо андак маблағи дар киса доштааш мушкилоташ мебарояд. 

Мард  ду  борхалтаашро  аз  маҳсулот  пур  намуд. Ба  соҳибкорон  “офарин!”  гӯён  хурсандиашро  пинҳон дошта  наметавонист.  Сари  ҳар  қадам  дуои  хайри мӯйсафедону серфарзандонро нисбати хайрхоҳон мешунид.

Мард  ба  хона  баргашт.  Димоғаш  чоқ  буд. Борхалтаҳои  пурро  назди  завҷааш  гузошт.  “Аз  фармудаат зиёд овардам”, гуфт бо сарбаландӣ ва худ ба ҳуҷраи хоб гузашт. Барои баровардани куфти мондагӣ болои диван дароз кашид.

-Мардак,  ҳой  мардак!  Ҳама  чизро  харида,  ширро фаромӯш кардед-ку?!-гуфтани завҷа ба гӯш мерасид.

-Худоё, ба ӯ шир чӣ лозим?-ғур-ғур намуд Сафар. Чашмонашро кушод, зан дар паҳлӯяш хоб буд. Садо бошад, аз рӯйи ҳавлӣ ба гӯшаш мерасид: “Ширда биё, бача, ширда!”

Духтарчааш  аз  хоб  хесту  падарро  таъкид  намуд: “Хезед, субҳ дамидааст, бозор равед, дугонаҳоям соати 12 меоянд,-гуфт духтарча. Падар вазинин аз ҷойгоҳ хеста, аз завҷааш пурсид:

-Занак, шаб барномаи “Ахбор”-ро тамошо кардӣ?

-Ҳа, чӣ буд?-ҳайрон шуд зан.

Дар арафаи иди Соли нав ба ҷумҳурӣ ворид шудани маводи хӯрданию маҳсулоти дигар ё нарху наво дар бозорҳо хабаре нашунидӣ?

-Не,ку,-ҳайрати зан дучанд афзуд.

-Об-бо-е!  Наход  ин  ҳама  дар  хоб  бошад-а?  Хоби ширин,  чаро  зуд  бедор  шудам?-худ  ба  худ  мегуфт мард ва боз бовариаш намеомад аз ин хобҳои дида.

Сафар тағйири либос карда, дудила ба бозор рафт. Шердилона ба қатори растаҳо даромад, ҳуш аз сараш парид. Нархи маҳсулот аз дирӯза боз қиматтар шуда...

-Раис,  ёрдам  кунам,  боратонро  то  назди  мошин барам?-гуфтани  мардикорбачаҳо  ба  димоғи  сӯхтааш боз равған рехтанд.

-Раиси  бемошину  бепулатонро  ёфтед!  Даҳ   кило бор  дорам,  онро  худам  мебардорам,  дастонам  ҳоло нашикастаанд,-посух медод ба онҳо.

Дар беруни дарвозаи бозор як шиносашро дида, аз хоби дидааш ва нархҳои осмонии бозор гила кард.

-Гурба чарбу хоб мебинад,-гӯён шиносаш шӯхиомез ба китфи Сафар тап-тап заду вориди бозор гашт... 

Мард ба хона омад, боз гап шунид. Зеро дар хона газ  набуд,  барқ  низ  қатъ  гардида.  Сигор  даргиронда, “уфф!”-гӯён ба берун баромад...

-Қиматии  бозорҳо  кори  савдогарон  аст.  Дар  ара-фа   ва  рӯзҳои  ид  беинсоф  мешаванд.  Як-ду  рӯз  пас боз  нархҳо  ба  низом  меоянд.  Яъне  ин  ҳама  мегузарад, муҳимаш тинҷӣ бошад, фаровонӣ низ мешавад,-худро таскин медод мард. Ид гузарад, дар бозорҳо боз маҳсулот фаровон гашта, нарх пойин меравад. Худованд  ба  Роҳбари  ғамхори  давлатамон  умри  дарозу сиҳатӣ диҳад. Охир бо кӯшишҳояшон ҳама чизро до-рем: ҳам сулҳу амонӣ, ҳам фаровонию ҳам арзонӣ!

...  Дар  рӯзи  иди  Соли  нав  дугонаҳои  духтари  Сафар  дар  хонаи  онҳо  ҷамъ  шуданд.  Яке  торту  дигаре кулчаҳои гарми иштиҳоовар, сеюмӣ ҳалвою орзуқ, хуллас онҳо бо дасти холӣ наомадаанд. Рӯйи дастурхони солинавӣ пур аз маҳсулоти ғизоӣ ва обҳои гуногунранги ташнагишикан шуда, ҷойи холӣ намонд. Сафар хурсанд буд, ки ин ҳамаро дар хоб не, балки дар бедорӣ, бо чашмони худ мебинад.

-Соли  наватон  муборак,  духтаронам!-гӯён  Сафар болидахотир рӯйи ҳавлӣ баромад. Завҷаашро низ хурсанд дида, ба Соли нав табрик намуд.

-Мардак,  хоби  дидаат  рост  баромад,  фаровонии рӯйи дастурхонро бин,-гӯён зан шукрона мекард...

С. АТТОР, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода