ШАРТНОМАИ БАЛАНДТАРИНИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР ЧАНД АСТ?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм, Боздид 2 431
Маблағи шартномаи таҳсили коллеҷи тиббӣ барои донишҷӯён аз 2200 то 4400 сомониро ташкил медиҳад. Барои донишҷӯёни хориҷӣ бошад маблағи мазкур аз 3200 то 5500 сомонӣ муқаррар гардидааст, - гуфт Иброҳимҷон Мусоев, директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар нишасти хабарӣ.
Инчунин, хабарнигорон ба масъалаи таъмири муассиса таваҷҷуҳ намуда, ҷамъоварии маблағи таъмир аз ҳисоби донишҷӯёнро низ пурсуҷӯ намуданд, ки Иброҳимҷон Мусоев дар робита ба ин, чунин посух дод: “Боми биноҳои ду ва сеюми коллеҷро пурра таъмири капитали кардем. Ҷамъоварии маблағи таъмири имсоларо мо қарибки ба нестӣ бурдем. Ваъда медиҳам, ки соли оянда мавзӯи пули таъмир пурра аз байн меравад”.
Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии истиқллияти давлатии кишвар бо ташаббуси роҳбарияти коллеҷи мазкур нашрияи махсус ташкил карда, барои ҳаводорон пешкаш карда мешавад.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”