Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Бунёди роҳу иншооти нав дар Кӯшониён


Бунёди роҳу иншооти нав дар Кӯшониён


      Соли равон дар ноҳияи Кӯшониён аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 9,1 километр роҳ мумфарш ва ду пул сохта шудааст, ки маблағи он 79,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
      Дар ним соли гузашта аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 256,9 ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 27,5 ҳазор сомонӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои мошингард ҷудо гардид. Дарозии роҳҳои ноҳия 231,9 километрро ташкил дода, 34,8 километри он дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар ноҳияи Кӯшониён бунёди 337 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 304 адади он ба истифода дода шуд. Дар ноҳия сохтмони 57 синфхонаи иловагӣ бо 1445 ҷойи нишаст идома дошта, як муассисаи таълимӣ бо 24 синфхона барои 620 нафар дар як баст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода