Китоби “Тоҷикон” ба Левакант расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 876
Корвони китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Левакант ҳам расид, ки барои 7380 оила пешбинӣ шудааст.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ доданд, китобҳо дар Қасри фарҳанги шаҳри Левакант ҷобаҷо гузошта ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба ҳар як хонаводаи шаҳр расонида хоҳанд шуд. «Тоҷикон» китобест, ки бояд дар ҳар як хонаи тоҷик ҳамчун китоби рӯйимизӣ бошад. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат масъулинро вазифадор карда буданд, ки то ҷашни сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як хонаводаи тоҷик махсус аз фонди Президент як нусха китоби «Тоҷикон» дастрас карда шавад.