Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Воқеан ҳам китоб дӯсти беғараз ва ҳамдаму ҳамнишини беозори инсон аст. Бо китоб кас худро орому осуда ва хушбахт ҳис мекунад. Ҳар касе пайваста китоб мутолиа менамояд, соҳиби маърифати баланд мегардад ва ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад намеравад.
Бузурге ҳам дар васфи китоб дуруст гуфтааст: “Китоб маърифати олиест, ки дилҳоро мунаввар сохта, ҳар раҳгумкардаро аз ҳаводиси рӯзгор эмин медорад”.
Агар ҳама китобхон мешуданду рӯ ба китоб меоварданд, олам гулистон мешуд...
Кош будам чун китоб уфтода дар кунҷи хамӯш,
То нагардад рӯ ба рӯ ҷуз мардуми доно маро.
Ман бисёре аз асарҳои адиби дӯстдоштаам, омӯзгори бузург, устод Садриддин Айниро мутолиа намудаам ва онҳоро зиёда аз 50 сол боз дар китобхонаи шахсиам маҳфуз медорам. Яке аз он асарҳои пурмазмуну хонданбоби устод С. Айнӣ китоби “Ёддоштҳо” мебошад, ки бемуҳобот барои ман роҳнамои зиндагӣ маҳсуб меёбад.
Агарчанде “Ёддоштҳо” асари тарҷумаиҳолии устод бошад ҳам, дар он тамоми пастию баландиҳои рӯзгор, хислату рафторҳои гуногуни одамон, чеҳраҳои бузурги адабию таърихӣ, манзараҳои зебою дилкаши табиат, ҷашну идҳои миллию таърихӣ, урфу одатҳои халқҳо, тарзи идоракунии сулолаи манғитиҳо ва бисёр мавзуъҳои дигар хеле шавқовару хотирмон инъикос ёфтаанд. Аз ҳама муҳим забони китоб хеле содаю равон, фаҳмо ва дилчасп аст. Худи устод С. Айнӣ дар муқаддимаи китоб овардааст:
Ин хона зи хишти куҳна андохтаам,
Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.
То аҳли замони мо бидонанд, ки ман,
Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.
Ин мисраъҳои пурмаънию ҷовидона хонандаро раҳнамун месозад, то китоби “Ёддоштҳо”-ро бо шавқи том мутолиа намуда, аз сарнавишти талху ибратомӯзи устод бохабар гардад.
Устод С. Айнӣ дар бораи падараш Сайид Муродхоҷа, ки ҳунари дуконбофӣ ва дуредгариро аз падари худ Сайид Умархоҷа ба мерос гирифтааст, нақлҳои шавқовар мекунад. Падараш Сайид Муродхоҷа баъди вафоти падару модари худ зиндагиро дар ду деҳа бо машаққот давом медиҳад. Тобистон дар Соктаре ба деҳқонӣ ва бофандагӣ машғул мешудааст ва зимистон дар деҳаи Маҳаллаи Боло ба чархиосиётарошӣ ва бофандагӣ.
Худи Айнӣ дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувон таваллуд шудааст ва айёми бачагии томактабиаш тобистон дар Соктаре ва зимистон дар Маҳаллаи Боло
сипарӣ гардидааст.
Ӯ дар хурдсолиаш шоҳиди он буд, ки чи гуна реги равон ҳамчун офати табиӣ бисёр заминҳои кишт ва боғзорҳоро зер карда, вайрон намуд. Худаш бо падару тағоҳояш бо азобу машаққатҳои зиёд боғ ва киштзори бобои модариашро аз реги равон, ки баландиаш то зону буд, тоза намуд.
Талошу заҳматҳои падару модар, амаку тағоҳояшро дида, ҳисси меҳнатдӯстӣ дар дили ӯ ҷой мегирад. Андешаҳое ба сараш меоянд, ки барои ба зиндагии хушу гуворо расидан бисёр меҳнат кардан лозим меояд.
Муносибати меҳрубонона ба фарзандон, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқату вафодории падару модар, сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ба Айнии хурдсол бетаъсир намонд.
Устод С. Айнӣ дар “Ёддоштҳо”-яш менависад: “Ман гумон мекунам, ки баъд аз хатнатӯйи ман аҳволи зиндагонии хонаводаи мо хеле танг шуда буд. Шабе пада-рам ба сабаби тӯй хеле қарздор шудани худро ба мо-дарам ҳикоя карда гуфт: "Хайрият, ки ман ин қарзро аз ягон фоидахӯр (судхӯр) нагирифтам, ё ин ки таклифи қозизодаҳоро қабул намуда, замини Соктареро ба онҳо гарав намондам, вагарна аз замин ва ҳавлии Соктаре ҷудо шуда, дар ин деҳаи хароб абадулобод мусофир шуда мемондем. Ман қарзҳоямро аз ҳар кас кам-кам гирифтам, аз ҳар кас аз 20 танга (3 сӯм) то 30 танга қарз гирифтам. Қарзи калонам 50 танга аст, вай ҳам аз падари туст, ки барои пули гӯру кафанаш ғундошта монда будааст. Падарам баъд аз қадре фикр карда истодан сухани худро давом дода, ба модарам (Зеварой) гуфт: Мақсади ман аз ин гапҳо аз қарзҳо ҳисоб додан ё ин ки дили туро сиёҳ кардан набуд, балки мақсади ман ин аст, ки агарчӣ гоҳе дар рӯзгор тангӣ кашӣ, аз бозор гӯшт нахарем, хафа нашав. Бояд чанд вақт то сабук кардани қарзҳо ба обу явғони хона ва ба ширу ҷурғоти гов қаноат кунем".
Ҳангоми мутолиаи “Ёддоштҳо” хонанда ба хубӣ пай мебарад, ки дар савод омӯхтани устод Айнӣ падараш кӯшишҳои зиёде намудааст. Аввал ӯро дар шашсолагӣ дар мактаби пеши масҷиди деҳа монд. Азбаски кораш дар онҷо пеш нарафт, ӯро ба мактаби духтарона дод. Садриддини хурдсол бо одобу ахлоқи намунавиаш байни шарикдарсонаш фаъол буд. Ӯро ҳама дӯст медоштанд. Аз ҷумла бо Ҳабиба ном духтари ҳаммактабаш унс гирифта, бо ҳам дӯсти қарин шуданд.
Садриддини наврас орзуи сайри Дарвешобод мекунад. Он вақтҳо ҳар сол дар моҳи мизон (23 сентябр-23 октябр) дар Дарвешобод ном маҳаллаи Ғиждувон ҳафтае як рӯзӣ чор шабу рӯз мешуд. Ҳикояти ин сайр ба касоне, ки вайро надидаанд, дилкашу аҷоиб менамуд. Модарам ана ҳамин ҳаваси аз ҳад зиёди маро дида, гуфт: -“Агар ту се рӯз рӯза дорӣ, ман ба ту се танга медиҳам, ту бо ин пул ба Дарвешобод меравӣ!”
Падараш ӯро бо писари амаки худ Иброҳимхоҷа ба Дарвешобод мефиристад. Онҳо шоҳиди тарфбозӣ, мушакбозӣ, хартозӣ, асптозӣ ва тагал ҷангандозӣ (гӯсфандҷангдозӣ) ва бозиҳои гуногуни дигар шуданд. Ӯ, ки навраси фозилу доно ва бомаърифат буд, ягон ғизои маънавӣ ва бардоште нагирифт. Бо ҳамин маънӣ дар “Ёддоштҳо” овардааст: “Бо ҳамин сайри якшабурӯзии Дарвешобод тамом шуд ва ман аҳд кардам, ки дигар ба сайри Дарвешобод наравам, чунки дар он ҷо ягон тамо-шои дилхушкунанда набуд”.
Падараш мехост, ки писараш оянда таҳсилашро дар мадраса давом диҳад. Падар як сол пеш аз вафоташ писарашро ба Бухоро бурда, шаҳрро тамошо дод ва чанд рӯз дар пеши акааш (акааш дар мадраса таҳсил мекард) монд, то ки ба истиқомати мадраса омӯхта шавад ва соли оянда барои хондан ба шаҳр равад.
Хонанда баъд аз мутолиаи “Ёддоштҳо” огаҳӣ пайдо мекунад, ки устод С. Айнӣ сарнавишти талх ва машаққатҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст.
Тобистони соли 1889 дар Бухоро бемории вабо ва муромурӣ пайдо шуд. Ин бемо-рии мудҳиш ба хонаи онҳо ҳам меҳмон шуд. Чӣ тавре ки дар китоб овардааст: “Акнун хонаи мо ранги як беморхонаро гирифта буд. Дар як хонаи ҳафтболор 5 бемор қатор хобида буданд ва ман бо навбат ба ҳар кадоми онҳо об, оби ҷӯш, ё ки шир медодам, магасҳояшонро мерондам, берун баромадан хоҳанд, ба қадри қувва ёрӣ мекардам”.
Дар вабои умумӣ падару модар аз дунё гузаштанд. Падар пеш аз ҷон додан ба Садриддин рӯ оварда, гуфт: -Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар Мударрис шавӣ, майлат!...
Он сол дар оилаашон ҳам ба ҷойи падар, ҳам ба ҷойи модар ва ҳам ба ҷойи дастёр кор кард. Хаёли Бухоро рафта хонданро тамоман аз сари худ дур кард. Ҳарчанд, ки нияти таҳсил дар мадрасаи Бухоро (мадрасаи Мири Араб)-ро аз дил дур карда бошад,
аммо як вохӯрию зиёфате, ки дар Маҳалла ном деҳаи наздикии Маҳаллаи Боло (деҳаи бобою бибии модариаш) рӯй дод, ба қавле “тақдирҷунбон” шуд. Яъне баъди ин воқеа ӯ барои ба Бухоро рафта таҳсили мадраса намудан имконият пайдо намуд.
Тобистони соли 1889 ӯ бо хоҳиши модаркалони барҷомондаи 70-солааш (модари модараш) ду додарашро гирифта, ба деҳаи Маҳаллаи Боло мебарад. Тасодуфан дар яке аз он рӯзҳо дар Маҳалла ном деҳаи наздикии онҳо дар хонаи Мулло Абдусалом (дӯсти акааш) аз Бухоро меҳмон омадааст. Меҳмон як шахсияти обрӯманду шинохта –Шарифҷон Махдум (Садри Зиё) буд. Садриддин бо акааш ба меҳмонон хизмат мекарданд. Садриддин барои меҳмонон чой меҷӯшонд. Дар ин маърака ӯ бо яке аз бачаҳои ҳамроҳи меҳмонон омада, ки номаш Мирзо Абдулвоҳид буд, байтбарак карда, ғолиб омад. Ин хабар ба Шарифҷон Махдум расид. Бо тавсия, маслиҳат ва дастури ӯ Садриддин барои таҳсил ба Бухоро рафт.
Дар ин бора устод дар “Ёддоштҳо”-яш навиштааст: “Дар соли 1890 ман ҳамроҳи акаи худ барои хондан ба Бухоро омадам. Дар он ҷо домуллои кунҷакии акаам Мулло Абдусалом аз мадрасаи Мири Араб як ҳуҷра ёфта дод, ки мо ҳар ду дар он ҷо истиқомат кардем”.
УСТОД АЙНӢ ДАР ПОЁНИ “ЁДДОШТҲО” ДАР БОРАИ ТАҲСИЛ ДАР МАДРАСА, БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ОН, ШАРИКДАРСОН, ОШПАЗИЮ ҶОМАШӮИ КАРДАН БАРОИ ДӮСТОНИ АКААШ, МУНОСИБАТИ ТАЛАБАҲО БО УСТОДОНИ МАДРАСА, САЙРУ ГАШТИ ИДОНА ДАР САЙРГОҲИ ФАЙЗОБОД (ЯК КИЛОМЕТР ДУРТАР АЗ МАРКАЗИ БУХОРО), ВОХӮРИЮ СУҲБАТ БО ОДАМОНИ БУЗУРГ, АЗ ҶУМЛА АҲМАДИ ДОНИШ ВА ДИГАР МАВЗУЪҲОИ ШАВҚОВАРУ ХОТИРМОН МАЪЛУМОТ МЕДИҲАД.
Хулоса “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ китоби пурмазмуну пурмуҳтаво буда, хонанда аз мутолиаи он як ҷаҳон ғизои маънавӣ ва сабақи рӯзгор мегирад. Ин китоби саргузаштии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадисе гуфтааст: “Хушбахт касест, ки аз саргузашти дигарон ибрат гирад”.
Вақте ки ман мутолиаи ин китобро ба охир расонидам, тариқи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” навиди хушеро хондам: Нашриёти “Китоби Кобул” 3 асари устод Садриддин Айнӣ - “Ёддоштҳо”, “Марги судхӯр” ва “Мактаби куҳна”-ро дар шаҳри Торонтои Канада ба чоп расонид. Ана ҳамин аст, бузургию қиммати асарҳои устод Садриддин Айнӣ.
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.