Аз зуҳуроти хатарнок ҳазар бояд кард!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 168
![]()
Дар ҷомеаи имрӯза терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи оштинопазир бар зидди он ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубаддал гардидааст.
Ҳанӯз аз замонҳои қадим, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеаи инсонӣ, давлат бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон бурда, ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар тасаввур ва афкори ҷомеа ҳамчун амали зиддииҷтимоӣ шинохта шудааст. Дар илмҳои сиёсӣ мафҳуми «экстремизм» таърихи деринро доро буда, новобаста аз он решаҳои экстремизм ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ - сиёсӣ ба қарни таърихи инсоният рафта мерасад. Дар ҷомеаи муосир он ҳамчун мафҳуми зуҳуроти ҷамъиятии мураккаб ва бисёрҷабҳаро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ дар бар мегирад.
Баъзе аз шаклҳои он (сиёсӣ, нажодпарастӣ, миллатчигӣ, динӣ ва ғайра) чун зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ на танҳо дар интиҳои асри гузашта, инчунин дар ибтидои асри нав низ аз мавҷудияти худ дарак медиҳанд. Вазъи бамиёномада зарурати муайян намудани аломатҳои таркиби ин ҷиноятро ҳамчун кирдори даҳшатангези иҷтимоӣ пеш мегузорад.
Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо иродаи матин барои роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радиоӣ пахш мегарданд, конференсия ё мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин қайд намуданд: «Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад». Аз ин рӯ, бояд тадбирҳои судманде андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд.
Ба мо лозим аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ диҳем, то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем ва Тоҷикистони азизро аз хатарҳои даҳшатбору нафратовари терроризм ва экстремизм ҳифз намоем.
Мансур НУРАЛИЕВ,
номзади илмҳои педагогӣ
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...