Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Б. НАЗАРЗОДА: “89 ФОИЗИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ ДАР ВИЛОЯТ БА СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЁТ РАВОНА ШУДААСТ”.


Б. НАЗАРЗОДА: “89 ФОИЗИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ ДАР ВИЛОЯТ БА СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЁТ РАВОНА ШУДААСТ”.


    Давоми шаш моҳи соли 2021 бақияпулии қарзи андозҳо дар вилоят 179,9 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 9,9 млн. сомонӣ кам гардидааст, - дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилоят дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.




    Бахтиёр Назарзода дар идома гуфт, ки хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети вилоятӣ 1015, 0 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки 98 фоизи нақшаи хароҷотии буҷети маҳаллии вилоятро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад.

    Ба гуфтаи ӯ, ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ 46,3 млн. сомонӣ, мудофиа 8,9 млн. сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6,8 млн. сомонӣ, маориф 604,8 млн. сомонӣ, тандурустӣ 260,7 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 7,3 млн. сомонӣ, хоҷагии коммуналӣ 26,2 млн. сомонӣ, фарҳанг 33,8 млн. сомонӣ, хоҷагии қишлоқ 3,7 млн. сомонӣ, сохтмон 8,1 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 3,3 млн. сомонӣ ва хароҷотҳои ғайра 4,7 млн. сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидааст.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 688,9 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда, 744,6 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба дурнамо 55,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ф. Давлат,

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода