КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Дар марҳилаи муосир баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон чунин таъкид карда буданд: “Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба шумор меравад”.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат, ки таҳлилу баррасӣ гардида, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо муайян карда шуданд, яке аз масъалаҳои умдае, ки дар меҳвари ин суханронӣ қарор дошт, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум низ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.
Ҳамчунин, яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад. Бо мақсади дастгирии ин қишри аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муқаррар гардидааст. Қабули фармону стратегияҳо ва барномаҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоливу паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Тадбирҳои андешидашуда дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз афзалият доштани сиёсати иҷтимоӣ ва руш-ди давлати иҷтимоии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Бояд гуфт, ки самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди бемайлон намуда, зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад. Ҳифзи иҷтимоии мардум, бахусус пиронсолон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Тадбирҳо ва барномаҳои иҷтимоии имрӯзҳо амалишаванда кафолат медиҳанд, ки ин табақаи аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, давлату ҷомеа нисбат ба онҳо ғамхории ҳамешагӣ зоҳир намоянд.
Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд кафолату имтиёзҳоро муқаррар намудаанд, аз инҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд”, «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои таъин ва пардохти нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 1 августи соли 2008, №379 “Дар бораи тақвияти кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” мебошад. Аз қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии батасвибрасида бармеояд, ки тавассути онҳо барои ба имтиёзу кафолатҳо фаро гирифтани категорияҳои алоҳидаи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд заминаи мусоид барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, кумакҳо ва дигар шаклу намуди кафолату имтиёзҳо аз ҷониби давлат фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамин тариқ, ҳамаи ин талошҳо барои фароҳам овардани шароите, ки коҳиш ва барҳам додани нобаробарӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, инчунин баланд бардоштани амнияти моддиву молиявии шаҳрвандони кишвар ва некуаҳволии онҳо мебошад.
Хушдил ИСЛОМОВ,
мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияи Муъминобод
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.