Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДИДОР


ДИДОР




Буд набуд, дар деҳаи на он қадар калони Кабӯтарак Мурод ном писараке мезист. Вай мисли дигар ҳамсолонаш бачаи шӯху беқарор буд. Ӯ танҳо бо як хислати худ аз онҳо фарқ мекард: ба техникаи ҳозиразамон дил баста, аз хурдӣ аз ҳар гуна оҳанпораҳо барои худ аробачаҳо месохт. Ҳамин буд, ки падар ба писар велосипед (дучарха) харида дод. Хурсандии Мурод ҳадду канор надошт. Туҳфаи қиблагоҳ шавқу завқи кӯдакро ба техника боз зиёдтар намуд. “Калон шавам, албатта, ронанда мешавам ва ба мардум хизмат мекунам!”- мегуфт писарча.


Мурод   дар    баробари    камолёбӣ дучархаҳои калонтарро мегирифт. Синнаш ба 16 расид. Ба ӯ велосипеди мотордор харида доданд. Онро аз субҳ то шом саворӣ мекард. Ҳамон солҳо мототсикли   “ЯВА”    (истеҳсоли    давлати Чеҳия) баромад ва он дар байни ҷавонписарон мӯд шуда монд. Ҳаваси Мурод    низ   ба   “ЯВА”-и    навбаромад рафт. Падар инро пай бурда, ба писар “ЯВА”    харида,   дар    наздаш   вазифаи “хонагӣ” гузошт:

-Гову гӯсфандонро бо алаф таъмин мекунӣ!

Мурод    ба   ивази   чунин   ҳадяи гаронбаҳо аз деҳаи ҳамсоя, аз бедапоя ва шолизор барои чорвои хона алаф меовард.

Дар яке аз рӯзҳои тобистон Мурод аз алафдаравӣ меомад. Сари роҳ колхозчидухтарон ӯро қарор дода, хоҳиш намуданд: -Ҷавони нағз, дар ин соатҳои рӯз бо ин роҳ нақлиёт ҳаракат намекунад. Духтаракеро оҷилан ба беморхона расондан лозим. Ҷавон розӣ шуд. Гулнисои офтобзада зери сояи дарахтон беҳушу беёд мехобид. Ӯ зери офтоби сӯзон кор карда, аз таъсири он беҳол шуда буд. Мурод Гулнисоро ба беморхонаи ноҳия расонд ва то огоҳӣ ёфтани волидонаш беморбонӣ намуд. Духтарак бо кумаки табибон ба худ омада, чашм кушод. Болои сараш ҷавони ношиносеро дида, дар ҳайрат монд.

-Ором шавед, шумо дар беморхо-на, офтоб гирифтаед- ӯро ором кард ҷавон.

-Духтар ҳусну ҷамоли дилрабо дошт. Мурод   низ   ҷавони   чорпаҳлуи    хушсурат буд. Нигоҳи онҳо ба ҳам бархӯрда, муддате хомӯш монданд. Ин лаҳзаҳо қаҳрамонони филмҳои ҳиндиро мемонд. Аз нигоҳи аввал ба якдигар дил бастанд. Ҳамин тавр афсонаи ишқи онҳо оғоз ёфт...

Ҷавонон дар мулоқотҳои ҳамарӯза аз ишқу муҳаббат сухан мегуфтанду орзуи бахти ширинро менамуданд. Мехостанд ба зудӣ ҳамхона шуда, зиндагии мустақилона   оғоз   кунанд.   Ҳарду   ҳам аз волидонашон ҷавоби рад шунида, дилшикаста гаштанд.

-Ман барои ту номзади арзандаю дилпурро ёфтаам,- мегуфт падари Мурод.

-Охир   мо   ошиқи   якгадирем,   моро ҷудо накунед,- раҳми падарро оварданӣ мешуд ҷавон.

-Ману модарат бе ишқу ошиқӣ ои-ладор шуда, сӯхта намурдем, осмон ба замин начаспид. Шумо низ одат мекунед,- қатъӣ гуфт падар.

Амаки Қудрат - падари Гулнисо бошад,    давраи   мактабхонӣ   аз   бачаҳои озории деҳаи Кабӯтарак ҷабр дида буд ва онро аз хотираш берун карда наметавонист.

...  Ҳамон   рӯз   Қудрат   зодрӯз   дошт. Модар   ба   ӯ    барои   зиёфат   додани ҷӯраҳояш як миқдор пул дод. Дар роҳ бачаҳои “роҳзан”-и ин деҳа Қудратро дошта, кисаҳояшро афшонданду ӯро лату кӯб карданд. Ҷавон бо сару рӯйи олудаи хок ва оғуштаи хун ба хона баргашт. Хурсандиашро талх карданд. 

Бачаи ҷабрдида гуноҳи онҳоро дигар набахшид. Ба болои ин пойи шикастааш дубора шифо наёфт. Ӯ якумра ланг шуда монд. Ҳоло ҳам аз назди ин деҳа гузарад, ғазабашро паст карда наметавонад. Имрӯз қарори духтараш боз захми куҳнаро рӯ занонд.

- Бо қавми ҷоҳилон хеш намешавам. Духтарамро   ба   обу   оташ   мепартояму ба онҳо намедиҳам!- мегуфт падар ҳар замон.

Рӯзҳо яке пайи дигар мегузаштанд. Муроду Гулнисо ба мулоқот омада, аз ишқи   нокоми   хеш   ҳасрат   мекарданд. Дар мулоқоти навбатӣ ба сари онҳо фикри “нав” омад. Ҳамон шабро дар бедапоя рӯз карданд. Чанд муддат гузашт. - Ман аз ту ҳомила шудаам, - гуфтани духтар Муродро шод намуд. Зеро ҳомиладорӣ   далеле   буд    барои   тарсонидани    волидону   ҳамхона   шудани ҷавонон.

Мурод   ин   “хушхабар”-ро   ба   падар расонд. Амаки Шодӣ сарддилона писарро гӯш дода, ӯро зери танбеҳ гирифт. 

 -Гуфтаи   ман   мешавад,   тамом!- шӯрида   гуфт   падар.   Ҷавон   парандаи болшикастаро мемонд. Рӯзи дигар ба мулоқот   шитофта,    дилдодаашро    дар ҷойи    ваъдагӣ   надид.    Гулнисоро   низ волидон хонанишин карданду вай ба вохӯрӣ омада натавонист. Рӯзҳои минбаъд ҳам ӯ ба мулоқот наомад. Онҳо баъди як моҳи ҷудоӣ пинҳонӣ мулоқот гузарониданд. Мурод илоҷи якҷоя шуданро дар фирор кардан медид.

-  Гулҷон,   волидонамон    издивоҷи моро намехоҳанд. Бе ту зиндагӣ бароям ҳеҷ аст. Биё, мегурезем!- гуфт ҷавон.

-  Бахти   пинҳонию   гурез-гурезиро намехоҳам. Бе дуои волидон бахтамон зуд   завол   меёбад,  -   ҷавоби   рад   дод духтар.

- Онҳо ҳеҷ гоҳ розигӣ намедиҳанд, чаро мо сӯхта гардем?

- Гуфтам-ку , бе розигии падару модар бахт намеёбем.

Муродро гӯё ҳарду болашро шикастанд. Акнун ӯ ба қуллаи умед парвоз карда наметавонад. Боз назди падар омад. Ба зону зад. Бо сари хам зорӣ кард, ки фотеҳа нек диҳад. Суханаш гиреҳ мезад. Амаки Шодӣ ҳатто хуши шунидани   суханони   писарро   надошт. 

Башаст аз хона берун шуда, ба кӯча баромад. Рост ба Комиссариати ҳарбии ноҳия   омад. Аз тарси   ҷазо   барои ҳомиладор   кардани    духтари    ноболиғ дили корманди комиссариатро ёфт, то писарашро ба хизмати аскарӣ фиристанд. Баъди якҳафта Мурод даъватномаи аскариро гирифт. Ҷавон барои видоъ назди дилдодааш омад. Аз ӯ хоҳиш намуд, ки интизораш шавад. Аз хизмат баргашта, ҳатман тӯй мекунанд. Мурод   ба   хизмати    аскарӣ   рафт. Борҳо ба Гулнисо мактуб навишта, боре ҳам ҷавоб нагирифт. Баъди ба аскарӣ рафтани   Мурод    духтарак   ба   шавҳар баромад. Падару модар роҳи баромадан аз ин шармсориро ҷустанд. Таъна-ву маломати мардумро тоқат кардан, беобрӯӣ зӯр меомад. Гулнисоро ноилоҷ ба марди занмурдае доданд. 

Мурод баъди адои хизмати аскарӣ ба хона баргашт. Аз асли воқеа огоҳӣ ёфта, хеле ғамгин шуд ва ба тақдир муросо   кард.    Ҷавон   низ   ба   майлу хоҳиши волидон зан гирифт. Зиндагии дилдодаҳо дар ҷудоӣ берангу дилгиркунанда мегузашт. Рост гуфтаанд, ки ҷое ишқу муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ нест, оила парешон мешавад.

Солҳо   мисли   оби   равон   мегузаштанд. Дилдодаҳо акнун оилаҳои худро доштанд.   Мурод   танҳо   ба   як   орзуяш расид: касби ронандагиро аз худ намуд. Ӯ камази нав дошту онро мисли лӯхтак гардонида, тозаю озода нигоҳ медошт. Духтарони деҳа ҳаваси ҷавону мошини ӯро мекарданд. Вале қалби ҷавон ҳамоно ба Гулнисояш кашол буд...

Мурод ба мошинаш аз пойтахт барои сохтмони деҳот масолеҳ меовард. Ҳамон рӯз ҳам аз пойтахт бармегашт. Гашти рӯз буду ҳарорати ҳаво дучанд тасфида. Роҳи дароз ӯро хаста карда буд.   Сари   чамбарак   гоҳ-гоҳ    ғанабаш мебурд.   Гармии   ҳаво   муми   роҳро   об мекард. Болои асфалти роҳ мисли оби баҳр мавҷак мезаду гармӣ боло мехест. 

Дар чунин соатҳо ҳаракати мошинҳо низ хеле кам мешуд. Камази пурбор базӯр пеш мерафт, гӯё ҳаракати сангпуштро мемонд. Чашми ронанда ба зани кӯдакбадасте афтод. Зан якта-якта қадам зада, ҳар гоҳ ба қафояш менигарист. Зан мошинро дида дар ҷояш истод. Ба кӯдакаш ишора намуда, ба ишораи даст мошинро қарор дод. Дили Мурод ба ҳоли зан сӯхта, ӯро савор намуд. Кӯҳ ба кӯҳ намерасаду одам ба одам мерасад, мегӯянд. Зан рӯяшро ба тарафи ронанда гардонида гуфт:

-Мурод! Ин туӣ? Қариб нашиносам, тағйир наёфтаӣ. 

Ронанда даступохӯрда шуд. Ӯ овози шиносро шунида, бе ихтиёр по ба тормоз   гузошту   мошини    вазнинборро қарор дод. Забонашро гӯё фурӯ бурда бошанд, ки лаҳзае хомӯш монд. Онҳо дар роҳ суҳбаткунон аз бахти шикастаи худ ҳасрат карданд. Гулнисо талх-талх гирист, ашки чашмон ду рухсораашро мешуст. Маълум буд, ки аз зиндагиаш чандон розӣ нест. Ҷавон ҳам бахташро наёфта буд. Онҳо аламзадаю ноком буданд. Зан ҳомиладории ҳамонвақтаашро иқрор шуд.

-Аз ту духтарча таваллуд кардам,- гуфт зан оҳи ҷигарсӯзе кашида.

-Духтар? Ҳоло ӯ дар куҷост?- бо ҳаяҷон пурсод Мурод.

-Калонак шудааст, шабеҳи ту аст.

-Ӯро ба ман нишон дода, шиносон.

-Хоҳишатро   иҷро   карда   наметавонам. Духтарча шавҳарамро падари аслияш медонад. Чашм ба дунёи ҳастӣ кушодаю     меҳри   падарии   ӯро   дидааст.    Қалби   духтарро   машикан.   Агар маро ҳоло ҳам дӯст дорӣ, ин корро намекунӣ. Вақташ расад, духтаратро мебинӣ,- гуфт Гулнисо.

Дар қалби Мурод оташак афрӯхт. Меҳри духтарча ӯро беқарор кард. Бо ҳамин хабари хуш онҳо боз аз якдигар ҷудо шуданд. Гулнисо нишонаашро нагуфт ва муддате бедарак гардид.

Мурод   аз   сафари   навбатӣ   бармегашт. Дар нимароҳ мошинаш иллате пайдо кард. Ӯ дар нимароҳ монд. Дар деҳаи наздикии роҳ ба суроғи қисми эҳтиётӣ рафт. Устоҳо гуфтанд, ки ин оҳанро танҳо аз як нафар марди олмонитабор дарёфт карда метавонад.

Усто Максим дар маркази ноҳия мезист. Номи аслии ӯ Фридрих буд вале   ӯро   бо   тахаллуси   Максим    мешинохтанд. Завҷаи ӯ дар беморхонаи марказӣ ҳамшираи шафқат шуда кор мекардааст. Ронанда назди зан рафта ҳоҷаташро баён намуд.

-Гулнисо, ба ҷойи ман навбатдорӣ карда   ист.    Сари   қадам   хона   рафта, ҳоҷати   ин   ронандаро   барорам,-   гуфт зан аз ҳамшираи дигари тиббӣ хоҳиш карда.

Мурод бе ихтиёр сӯи зан нигарист. Гулнисоро   дар   хилъати   сафед   дида, ҳайрон   монд.    Дилдодаҳо   дубора   ба дидори якдигар расиданд. Мурод занро ба ҳолаш намонда, хоҳиш кард, ки духтарчаашро нишон диҳад.

-Майлаш, бигзор гуфти ту шавад. Ҳафтаи   пешомад    биё,    духтаратро мебинӣ, -ваъда дод Гулнисо.

Зан ҳар дафъа ваъда ба рӯзе медоду худ бедарак мешуд. Намехост ин шиносоии духтару падар қалби духтарчаро шиканаду оиларо вайрон созад.

 Мурод   баъди   чанде,   дар   рӯзи ваъдагӣ, боз ба беморхона омад. Гулнисоро наёфт. Ӯ ба рухсатӣ баромадаю бо аҳли оила ба ноҳияи дурдасте назди волиди шавҳар рафтааст. Мурод боз ноумед гашт.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ орзуҳои Муродро ба дасти бод дод. Мардум парешон гардид. Ӯ боз дилдодаи худро гум кард. Зан рӯ ба мусофиратӣ ниҳод. Баъди ором гаштани вазъ Мурод ба ноҳияи дурдаст, ҷое ки дилдодааш мезист, ба суроғ омад. 

Хонаи онҳоро сӯхтаю валангор дарёфт. Аз соҳибхона дараке набуд. Гумонҳои зиёде ба сараш меомад. Зиндагии баъдиҷангӣ вазнин омад. Инро Мурод боз бештар ҳис мекард. Бо завҷааш созиш накардан, ҷанҷолҳои ҳамарӯза оиларо вайрон намуд. Ӯ аз занаш ҷудо шуд. Чандин сол муҷаррад гашт. Ҳамаи нобарориҳояшро аз ишқи ноком медонист...

Мурод дар хона машғули кори ҳота буд. Ҳамсояи девордармиёнаш Нур ба ҳавлӣ даромада омад.

-Ҳамсоя   Шумо   дар   хона   ҳастед?- садо кард.

-Биё, биё Нур,- ҳамсояро ба ҳуҷра таклиф намуд соҳибхона.

-Вақти   хонашинӣ   нест,   Муродҷон. Либосҳои навата ба бар намо, барои писари ман хостгорӣ меравем.

-Хостгорӣ? Қудоҳо аз куҷоянд?

-Аз   шаҳр    келин    мегирам.    Бо қудашаванда дар мусофиратӣ шинос шуда будам,- фаҳмонд ҳамсоя.

Онҳо ба шаҳр ба хостгорӣ рафтанд. Дари ҳуҷраро духтараки мавзунқомати соҳибҷамол кушода, меҳмонони ношиносро ба хона таклиф намуд. Модари духтар дар бозор буд. Онҳо то омадани ӯ чойнӯшӣ карданд. Зан ҳам расида омад, назди меҳмонон даромада салом доду “хуш омадед”, гуфт. Аҳволпурсӣ карданӣ буду Муродро дида, забонаш гирифт. Онҳо дурудароз аз якдигар чашм наканданд. Зан Гулнисояш буд. Гулнисоба худ омада, хомӯшона ба ҳуҷраи дигар гузашт. Ҳамроҳи духтараш назди қудаҳо баргашт.

-Мурод ҳамин аст, духтарат. Нигинаро акои Нур келин карданӣ. Хуб кардӣ, ки омадӣ. Падарахондааш аз олам даргузашт, ҷояш ҷаннат шавад. Акнун фотиҳаашро худат медиҳӣ.

Аз чашмони падару духтар ашк мерехт. Онҳо якдигарро ба оғӯш гирифта, хомӯшонаю кӯдаквор мегиристанд. Дидори падару духтар ва дилдодаҳо ба вуқӯъ пайваст.

-Ҳардуятон   ҳам   муҷаррад   будаед, ду тӯй мешавад,- ҳазл кард Нур ба Муроду Гулнисо нигариста.

Ҳамин   тавр   ҳам   шуд.    Дилдодаҳо оқибат ба мурод расиданд. Ишқи покашон   ғолиб    омад.   Муроду   Гулнисо ҳамхона гашта, духтарашон бошад, дар ҳамсоягӣ келин шуд...

Буд   набуд,    дар   деҳаи   хурдакаки Кабӯтарак тӯйи калон барпо гардид, тӯйи дилдодаҳо, ҷуфти кабӯтарони хушбахт...

С. АТТОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода