ДОРУВОРИҲОИ МУҲЛАТГУЗАШТА ДАР ФУРӮШ АСТ Ё НОБУТ КАРДА ШУДАНД?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология, Боздид 1 045
- Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ва дар асоси мактубҳои муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ 349 номгӯй ва 54039 адад маводҳои доруворӣ ба маблағи 450 677,6 сомонӣ дар вазни умумии 3 326,48 кг, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст, барои несту нобутсозӣ ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон пешниҳод гардид, - гуфт сардори Сарраёсати мазкур М. Абдуқодирзода дар нишасти хабарӣ.
Барои риоя накардани талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандони дорухонаҳо 124 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 214 300 сомониро ташкил медиҳад.
Сипас, суолҳои рӯзноманигорон дар хусуси гузаштани ташхис аз вируси нави корона, мавҷудияти Барномаи ташхисии талаботи Руссия барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон, киҳо дар табобат ба бемории вируси нав мушкилӣ мекашанд, нигоҳдошт ва фурӯши ниқобҳо дар дорухона ва бозорҳо, назорати санитарӣ нашудани маҳсулоти ширию гуштӣ дар бозорҳо пешниҳод гардид.
С. АЗИЗЗОДА