Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ХУШМУОМИЛА БОШЕД!


ХУШМУОМИЛА БОШЕД!




Имрӯзҳо бисёр мушоҳида менамоем, ки наврасону ҷавонон бештар ба истеъмоли доруҳои асаб рӯ оваранд. Бахусус, онҳо дар овони ба балоғат расидан ба ин амал даст мезананд.

Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки истеъмоли дору барои пешгирии афсурдаҳолӣ ва асабоният ягон хел кумак карда наметавонад.

Ба ҷойи ин ба волидон ва муаллимон зарур аст, ки кӯдакону ҷавононро ахлоқи ҳамида биёмӯзанд. Муносибати нек намудан бо атрофиён, бо сабру пуртаҳаммул будан нишонаи беҳтарини инсони  бофаросат аст.

Бинобар    ин,    ба   ҷойи   дору хӯрондан падару модаронро зарур аст, ки дар фикри аз ҷиҳати ҷисмониву руҳӣ пурқувват кардани фарзандони хеш шаванд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода