Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 203
![]()
Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи рушди фаъоли иҷтимоию иқтисодӣ оғоз шуд. Барномаҳои муҳимми стратегӣ, ки ба навсозии иқтисодиёт, рушди инфрасохтор, беҳтар кардани таҳсилот ва тандурустӣ равона карда шудаанд, қабул гардиданд.
Ба таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва мубориза бо мушкилоти мубрами ҷомеа диққати махсус дода мешуд. Дар ин марҳилаи давлатдорӣ ва давлатсозӣ яке аз самтҳои асосии рушди кишвар ҷалби сармоягузории хориҷӣ буд. Ба шарофати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ Тоҷикистон тавонист барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки барои амнияти энергетикии кишвар ва минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, захираҳои молиявӣ ҷалб намояд.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои некҳамсоягӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ хос мебошад. Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа саҳм мегузорад.
Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ дорад. Зеро самти асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати “Дарҳои боз” мебошад, ки он ҳамасола таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рушду такомул меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нигоҳ доштани субот ва амният дар Осиёи Марказӣ нақши назаррас дорад. Кӯшишҳои ӯ ба таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ равона карда шудаанд. Вай ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъҳо ва эҷоди эътимод байни давлатҳо мебошад. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти марзҳо бо Афғонистон бо андешидани чораҳо ҷиҳати муқовимат ба воридшавии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир нақши муҳим дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зимни омода сохтан ва амалӣ кардани стратегияи фарогир ва санҷидашудаи сиёсати хориҷии даврони Истиқлол ва дар солҳои охир бо таваҷҷуҳ ба ин тамоюлу равандҳо ва махсусиятҳои дигари ҷаҳони зудтағйирёбанда ба таври пайгирона ҷиҳати таъмини сазовори манфиатҳои стратегии Ватан ва халқи он дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» саъю кӯшиш мекунад.
Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақ ва самарабахши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, ба иродаи қавӣ ва мардонагӣ, ҷаҳдҳои пайгиронаи Сарвари давлат дар роҳи амнияту рушди Ватан, посдории таърихи бостонии халқи тоҷик, иқдому ташаббусҳои созанда ва неки он бо назари хайрхоҳона ва эътимод менигарад.
Таҷрибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ҳамчун давлати шукуфо ва устувор, ки дар минтақа ва ҷаҳон нақши муҳим дорад, заминаи устувор мегузорад. Ҳадафҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои стратегии Сарвари давлатамон минбаъд низ рушди ояндаи кишварро муайян мекунанд ва ба таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, мо бояд пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва шоҳкориҳои сиёсиеро, ки Президенти муҳтарами мо анҷом додаанд, ҳифз намуда, ба хотири фардои дурахшони кишвар ба наслҳои оянда омӯзонем.
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба
номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...