Хоҷа Ҳофиз - чароғи аҳли маънӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
Вақте ки ӯ ба шаҳр баргашт, боз ҳамон шахсо-неро дучор шуд, ки Ҳофизро масхара мекарданд. Онҳо аз Ҳофиз хоҳиш карданд, ки ягон ғазал хонад. Ҳофиз ҳамон ғазал ва ғазалҳои эҷодкардаи дигарашро хонд. Сомеон аз ин шеърхонии ӯ моту мабҳут шуданд. Эҳтиромашон якбора ба шоир баланд гардид... Ин аст, ривояте аз зиндагии Ҳофиз. Агар ранги афсонавии ин ривоятро дур андозем, пас дар он лаҳзаи ташаккул ёфтани шоири бузург ва машҳур ба тарзи воқеӣ инъикос ёфтааст.
Аз рӯйи баъзе маълумотҳои муътамад, Ҳофиз дар соҳаи илмҳои расмии замони худ ва хуб донистани забони арабӣ низ аз саромадони рӯзгор буда-аст. Ҳофиз ҳамчун шоири боистеъдод ба эътибори дониши пурдоманаи хеш бо бисёр олимони он давраи Шероз робита барқарор карда буд. Ҳакимони шаҳр ба ӯ эҳтироми калон доштанд. Ғазалҳои Ҳофиз ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт будани шоир дар тамоми Шарқи мусулмон шуҳрати бузург пайдо карда буданд. Худи шоир дар ин бора ишорае дорад:
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мегӯянду мерақсанд,
Сияҳчашмони кашмирию туркони Самарқандӣ.
Ҳофиз зодгоҳаш Шерозро басо дӯст медошт ва бо он ифтихор мекард:
Шерозу оби Рукниву ин боди хушнасим,
Айбам макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст.
Руштаи умри пурмашаққати шоир соли 1389 канда гардид. Таҳқиқгарони эҷодиёти Ҳофиз мероси адабии ӯро як девон аз 495 ғазал, 5 қасида, 43 рубоӣ, 34 қитъа, “Соқинома” нишон дода, ҷамъи абёташро 4650 байт муайян кардаанд.
Ҳофиз шахси некхоҳ ва накукоре буд. Вай шояд аз рӯйи зарурат қасидаҳо гуфта бошад, аммо ному дӯстони маҳбуб ва муҳтарамашро бо самими қалб дар шеърҳояш ёд мекунад. Вай ба гузаштагон ва муосирони худ эҳтироми бузурге дошт. Саъдии Шерозӣ ва Ҳоҷӣ Қирмониро устодони худ мешуморид. Бо Камоли Хуҷандӣ дӯсти қарин буд. Аммо дар баробари ин Ҳофиз қадру манзалати ашъори худро низ медо-нист ва бо ин заркориҳояш фахр менамуд:
Фиганд замзамаи ишқ дар Ҳиҷозу Ироқ,
Навои бонги ғазалҳои Ҳофиз аз Шероз.
Ғазалҳои Хоҷа Ҳофизро асосан ду чиз машҳури дунё намудааст. Аввал, мавзуъҳои баланд, ғояҳои олӣ, ифшои дарди дили инсонҳо, дуввум бошад, бадеиёт, санъати волои сухани ноби шоир аст, ки ҳар қадамаш дар гуфтани он оҷиз хоҳад монд. Ба ин байти шоир таваҷҷуҳ мекунем:
Килки Ҳофиз шаккарин оби набот аст, бичин,
Ки дар ин боғ набинӣ самаре беҳтар аз ин!
Дар давоми асрҳо муҳаббат нисбат ба ғазалҳои Ҳофиз дар байни мардуми бедордил ва адофаҳм як анъана шуда монд. Ин ғазалҳоро эрониёну тоҷикон аз замони туфулият то вопасин ҳаёти хеш месуруданд. Ҳатто ашхосе, ки саводи қазоӣ надоштанд, ғазалҳои шоирро бо оҳанг замзама мекарданд. Устод Айнӣ дар “Ёддоштҳо” ҳикоя мекунад, ки аз деҳқонони деҳаи Соктаре (зодгоҳи устод Айнӣ) дар вақти шудгори шабонаи заминҳояшон ғазалҳои Ҳофизро мехонданд ва ба ҳамин тариқа байтҳои ӯ ба ҳаяҷону ҳиссиёти ҷавонон дохил мешуд.
Ҳабиба, як қаҳрамон аз “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ мисраи Ҳофиз “Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд”-ро шиори зиндагии ҳаррӯзаи ҳаёти худ қарор дода буд.
Аз як инқилобгари эронӣ, ки чанд солҳо зиндонӣ буд, пурсиданд:
-Шумо чӣ гуна шиканҷаҳои зиндонро аз сар гузаронидед? Ӯ ҷавоб додааст:
-Боварӣ доштан ба тантанаи ғоя ва як байти машҳури Хоҷа Ҳофиз:
Сабру зафар ҳарду дӯстони қадиманд,
Бар асари сабр навбати зафар ояд.
Дар фарҷоми суханҳои гуфташуда ин каломи адиби барҷаста ва оламшумули олмонӣ, мухлиси абёти шакаррези Ҳофиз Йоҳан Гӯтеро чун ҳусни анҷом меорем:
Бигзор фурӯ равад ҷаҳоне!
Ман боқӣ шикасти он надорам,
Хоҳам, ки миёни шодиву ғам,
Худро чу бародарат шуморам.
Ҳофиз, ману ту чу тавъамонем,
Ҳамқисмати рӯзгори фонӣ
Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошем,
Он аст ҳаёти шодмонӣ.
Ҳотам ҲОҶӢ,
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Кӯшониён
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00