Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН. Чаро волидайн ба он монеъ мешаванд?


ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН. Чаро волидайн ба он монеъ мешаванд?




Яке аз монеаҳои асосӣ, ки ба таҳсили духтарон таъсир мерасонад,  муносибати  баъзе  волидон ва ҷомеа нисбат ба таҳсили духтарон  мебошад.  Ҳарчанд  имрӯз духтарон ба таҳсил фаро гирифта  шудаанд,  то  ҳол  нафароне ҳастанд, ки монеъ барои таҳсили духтарон мешаванд ва бо гуфтани чунин сухани таҳқиромез “Духтарро чиву хонданаш чӣ” ҷавоби чандин  духтаронро  медиҳанд  ва намегузоранд,  ки  духтарон  ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Дар  баъзе  минтақаҳо,  махсусан  дар  деҳот,  барқарорсозии арзишҳои  суннатӣ  ва  назари маҳдудкунанда ба нақши зан дар ҷомеа боиси он мегардад, ки волидайн таҳсили духтаронро нолозим  шуморанд.  Баъзе  волидайн ба он ақидаанд, ки вазифаи асо-сии  духтар  нигоҳубини  хона ва оила мебошад ва мегӯянд, ки  “Чанд  қадаре  ҳам  хонанд, оқибат шавҳар карда дар хона менишинанд”. Аммо аз нуқтаи назари  коршиносон,  агар  зан донишманд  бошад,  албатта,  ба  фарзанд  тарбияи  хуб медиҳанд  ва  аз  модари  донишманд  тифли  донишманд ба дунё меояд. 

Мутаассифона,  баъзе  аз ақидаҳои  куҳнашуда  то  ба имрӯз дар фикри баъзе волидайн то ҳол боқӣ мондааст, ки ин боиси аз таҳсил дур мондани  духтарон  мегарданд.  Дар оилаи  камбизоат  волидайн аксар  вақт  таҳсили  писаронро  афзалтар  медонанд,  зеро онҳо умед доранд, ки писарон дар  оянда  ба  оила  кумак  мерасонанд ва ин таъсир мерасонад,  ки  волидайн  таҳсили духтаронро  дуюмдараҷа ҳисобанд.

Ҷавоби  дурусти  саволи “Духтарро чиву хонданаш чӣ?” дар дасти ҳар яки мост. Бояд ӯро  ҳамчун  як  инсони  комил ва  соҳибҳуқуқ  шиносем.  Ба  ӯ муҳаббат  диҳем,  эҳтиром  намоем ва дар роҳи илму маърифат  ҳамроҳаш  бошем.  Чунки ҳар духтари хушбахт миллате хушбахтро падид меорад.

Сабрина ИБРАГИМОВА,
коромӯзи «Хатлон»

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода