БОЗДОШТИ ҶОДУГАР БО «ЛӮХТАК»: Давронов боз барои фолбинӣ дастгир шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 80
![]()
Боиси таассуф ва нигаронист, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои пайвастаи мақомот ва ташвиқу тарғиботи васеъ ҷиҳати канораҷӯӣ аз шахсони ба ном «фолбин» ва «сеҳргар», ҳамоно бархе аз шаҳрвандон ба хурофот ва боварҳои куҳнаи иртиҷоӣ пайравӣ мекунанд.
Рӯшанфикрон бар он назаранд, ки сабаби асосии бовар ба хурофот нодонӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҷаҳонбинии маҳдуди бархе афрод аст, ки ба суханони фиребандаи фолбинон ва сеҳргароне, ки гӯё дониши илми ғайб доранд, бовар мекунанд ва ба ақидаҳои ботил рӯ меоранд. Давронов Нусратулло Ёфтакович, соли таваллудаш 1972, сокини деҳаи Сароб, Ҷамоати деҳоти «Ориён»-и ноҳияи Кӯшониён, ки қаблан низ барои кирдорҳои ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд, боз ҳам даст ба амалҳои ғайриқонунӣ задааст.
Бо вуҷуди он ки қаблан чанд маротиба аз ҷониби кормандони милитсия барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир гардида, кирдорҳои мардумфиребонаи ӯ тариқи барномаҳои телевизионӣ намоиш дода шуда буданд, маълум гардид, ки ӯ аз роҳи пешгирифтааш барнагаштааст.
Ин навбат кормандони милитсияи шаҳри Бохтар зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ Давроновро дар манзили зисташ ҳангоми анҷоми амалҳои соҳирӣ, аз қабили додани тӯмор ва таштоб, дастгир намуданд. Муайян гардид, ки номбурда барои фолбинӣ ва «тоза кардани сеҳру ҷоду» аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 100 то 1000 сомонӣ талаб мекардааст.
Ба таври мушаххас, Давронов бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Муҳиддинова С., соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Бохтар, даромада, барои фолбинӣ дар аввал 100 сомонӣ ва баъдан барои гӯё «поксозии манзилаш аз сеҳру ҷоду» 1000 сомонӣ талаб намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давронов Н. барои машғул шудан ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва мардумфиребӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, парванда дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...