ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Сухани нек оиларо аз вайроншавӣ нигоҳ дошт


Сухани нек оиларо аз вайроншавӣ нигоҳ дошт




Ҳикоят мекунанд, ки дар як шаҳре ҷавони боодобу  мусулмоне  зиндагӣ  мекард.  Вале ҳамсараш хеле исрофкор ва беодоб буд. Ҷавон барои ислоҳ шудан ӯро борҳо бо суханони хуб насиҳат намуд, аммо фоидае накард.

Баъдан занашро барои адаб додан ҳатто мезад, аммо бефоида.  Чанд  муддат  сабр  намуд,  ки  шояд  ҳамсараш ислоҳ шавад. Охир қарор дод, ки аз ӯ ҷудо шавад. Ҳарду назди қозӣ рафтанд. зани ҷавон аввал лаб ба шикоят кушода, хуб дилашро холӣ кард. Дар ҳузури шоҳидони зиёд шавҳарро хеле бад намуд. Чун навбати суханро ба ҷавон доданд, ӯ чизе нагуфт.

-Агар  занат  айбе  надошта  бошад  ва  сабабе  барои ҷудо шудан набошад, ту ба талоқ додан ҳақ надорӣ,-гуфт қозӣ. Он гоҳ ҷавон посух дод: “Аҳволамро дуруст фаҳмед, бо ин зан зиндагӣ кардан намехоҳам, лекин айбашро ҳам 
намегӯям”.

Ҳозирон ҳайрон шуда, пурсиданд: Чаро?

Ҷавон  гуфт:  -  “Агар  айбҳои  занамро  дар  назди  ҳама ошкор кунам, мумкин бо ӯ минбаъд хуб шавам. Он гоҳ оилаамро дар байни ҳама бад кардагӣ мешавам. Агар ай-башро гӯяму аз ӯ ҷудо шавам, он гоҳ зани дигаронро бад кардагӣ мешавам”.

Ҳозирин  ба  одобу  фаросати  ҷавон  аҳсант  хонданд. Ин суханони пурҳикмати ҷавон ба занаш таъсир кард ва ӯ аз шавҳар узр пурсид. Дар ҳузури ҳамагон ваъда дод, ки минбаъд шавҳарашро эҳтиром мекунад.

Ҳамин тавр, оилаи дар остонаи вайронӣ қарордошта аз  баракати  як  сухани  боҳикмат  аз  нав  барқарор  шуда, зану шавҳар минбаъд хушбахт гаштанд.

Ҳозиркунандаи чоп С. Қарахонов, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода