Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Аз фазилатҳои моҳи Рамазон


Аз фазилатҳои моҳи Рамазон




Фарорасии моҳи Рамазон чун дигар мусулмонони рӯи замин барои мардуми шарафманди Тоҷикистони маҳбуб низ боиси хушҳолию сурур аст. Давоми як моҳ бо анҷом додани рӯзадорию тоату ибодати холисона сӯи холиқи яктову меҳрубон дасти дуо бардошта, таманно мекунем, ки доимо Ватанамон ободу осоишта ва тинҷу ором бошад.

То гавҳари ҷон дар садафи қолаби тан ҳаст,
Андешаву фикрам ҳама дар ёди Ватан ҳаст.
Гуфтанд: сухан гӯй, Ватан гуфтаму гуфтам,
Зеботар аз ин вожа магар боз сухан ҳаст?

Барои мо аз гузашта моҳи Рамазон бо файзу баракоташ ба мерос омадаву ин моҳи мунир бо хусусиятҳои хосаш ҳамасола пазируфта меша-вад. Рамазон моҳи иҷобати дуо, лаҳзаҳои авфу бахшиши  камбуду  хатои  ҳамдигар,  устувор  гардонидани  муҳаббату   дӯстӣ,  пок  сохтани   ботину берун кардани ҳар гуна кинаву ғаразҳои қалб, моҳи саршор аз аҷру савоб ва моломоли ҳикмату баракот аст.

Ҳамасола  омаданашро  мусулмонони  ҷаҳон, хосса  мардуми  шарафманди   Тоҷикистон  низ  бесаброна  интизорӣ  мекашанд,  то  дар  ин   моҳ  боз ҳам сидқан ба сайқал додани руҳу ҷон машғул шаванд. умед аст, ки чун солҳои қаблӣ имсол низ Рамазон дарҳои файзу баракоташро ба сӯи мо боз кардаву ин моҳи муборак бо хотираҳои нек сипарӣ мешавад.

Дар як маврид рӯзадории мо шартҳои худро дорад. Дар ин моҳ новобаста аз манъи хӯрдану ошомидан ва анҷом додани амалҳои хайру савоб, бояд аз дилозорию фишору зӯроварӣ, кинаву хусумат, беэҳтиромӣ кардани дигарон дар канор буд. Вагарна, рӯзаи мо ба истиснои ташнаву гурусна мондан ҳеҷ суде нахоҳад дошт. Ҳамин тариқ, рӯзадорӣ бояд ончунон бошад, ки касе аз касе озор набинад. Эҳтироми ҳамдигарӣ бояд побарҷо бошад.

Боиси   шукргузорист,   ки   маҳз   даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон дар партави ҳидоятҳои роҳбарияти сатҳи олии мамлакат масҷидҳои хуштарҳу замонавӣ қомат афрохтаву дар муҳити зебо ва муҳимтар аз ҳама дар фазои тинҷу ором бо нияти неку қалби ором сокинони кишвар ба ибодат машғул мешаванд. Мардҳо дар радифи намозҳои панҷвақта баъди намози хуфтан ба хондани намози таровеҳ мепардозанд, ки бист ракаат аст. Бинобар бист ракаат буданаш набояд малол шуд. Баъди хондани намози таровеҳ, ки лаҳзаҳои қабули дуо аст, дуои холисона кардан созгор мебошад, ки ин лаҳзаҳо хеле ғанимат аст.

Дини   мубини   ислом   ҳеҷ   гоҳ   вазнинӣ  наовардааст, аз ҷумла дар мавриди рӯзадорӣ низ. Нафароне, ки ҳомиладор мебошанд ва ё худ тифли навзоди ширхора доранд, онҳое, ки бемориашон   вазнин   буда,  рӯзадорӣ   сабаби   авҷ гирифтани беморӣ ва ё хавфи ҳаёташон мегардад,   инчунин   пирони   барҷомонда   метавонанд рӯза нагиранд. Дар як маврид кафорат медиҳанд ва ё худ баъди беҳтар шуданашон бар ивази як рӯз, як рӯз рӯза мегиранд. Аз барои пирони барҷомонда бошад, фарзандонашон давоми сӣ рӯз хуб мешуд, ба як нафари рӯзадор таом диҳанд ва ё худ миқдори маблағе, ки барои субҳонаву хӯроки шомаш басанда бошад, тақдим кунанд. Аслан рӯзаро шахси болиғу солим бояд гирад.

Одат  шудааст,  ки соҳибзакотон  маҳз  дар  ин моҳ   закоти  мол  медиҳанд. 

Шояд  аз  он  хотир  бошад, ки дараҷаи анҷом додани амалҳои хайр дар ин моҳ нисбат ба дигар моҳҳо болотар аст. Тибқи қарори Шурои уламои  Маркази  исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон закоти мол   ба   миқдори  36   ҳазор сомонӣ   дониста   шуда,   аз ин миқдор 900 сомонӣ бояд закот дода шавад. Хуб мешуд,  закот  барои  нафарони муҳтоҷу   ниёзманд  тақдим гардад  ва  ин   табақаи   ниёзмандро  аввалан  аз  пай-вандону хешон ва баъдан аз бегонагон   интихоб   кардан бамаврид аст.

Дар  ин  моҳ  барои  баргузории  ифтор  монеа  нест, аммо  риояи  танзим  ва  шинохти   ҳадди   хеш  зарур аст,  то  исрофу  зиёдаравӣ нашавад.  Муҳим  он  аст,  ки табақаи  камбизоат   низ  барои хӯроки шому саҳар таоми хушмазза дошта бошанд. 

Дар   иҳотаи  волидайн ҷамъ   шудану   аз   ҳолу аҳволашон   бохабар   шудан ва дар як маврид ба-рои ифторашон ҳар бегоҳ таомҳои муносиб овардан маънои онро дорад, ки ин фарзандони   некбахт   аз дуои   падару   модар,   бобою бибӣ баҳравар хоҳанд шуду рисолати фарзандиашонро дар ин моҳи пурфайз анҷом медиҳанд. Дар акси ҳол, вой бар ҳоли он фарзанде,   ки   дар   чунин рӯзҳои бузург бехабар аз ҳоли волидайнаш гардад. Ҳамзамон ба аёдати пирони барҷомондаву беморон рафтан хеле ғанимат аст. 

Ин гуна амалҳо рӯзадории моро пурфайзу бобаракат мегародонад.

Ҳайдар Сафаров, 
муовини раиси  шурои уламои Маркази исломии 
ҷумҳурии Тоҷикистон, сархатиби 
вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода