Фирдавси Турдиалӣ: «Дар рӯи саҳнаи театр ва дар рушди касбияти ман хондани асарҳо кумак мекунад».
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 92
![]()
“Китоб рафиқест, ки чун модар ба инсон таълим медиҳад, тарбия медиҳад, ба роҳи рост мебарад, домани андешаву фикри моро васеъ мекунад. Бояд ҳар яки мо кӯшиш намоем, то вақти худро беҳуда сарф накунем ва пайваста китоб хонем», - мегӯяд Фирдавси Турдиалӣ - ҳунарпешаи театр ва синамо.
Фирдавс дар бораи яке аз асарҳои бадеӣ - халқӣ «Чор дарвеш» қисса мекунад ва иброз медорад, ки баробари ба даст гирифтани ин китоб наметавонед, сар аз болои китоб бардоред ва чашм аз он дур кунед. Ӯ ки ҳунарманди соҳаи театр аст, иқрор мекунад, ки баъди хондани ин асар дар фаъолияти кориаш аз он асар идеяҳо бардоштааст ва ба ҳар як шахси китобдӯсту соҳибмаърифат хондани ин асари ҷолибро тавсия медиҳад.
Воқеан тибқи мушоҳида ва пурсишҳои мо маълум шуд, ки 85 дарсади пурсидашудагон китоби мазкурро хондаанд.
«ЧОР ДАРВЕШ» ЧӢ ГУНА АСАР АСТ?
“Чор дарвеш” яке аз шоҳасарҳои халқӣ ба ҳисоб меравад ва он сар то по аз воқеаҳои аҷоибу ғароиб иборат буда, дар он ҳар як ҳодиса бо як услуби соддаву осонфаҳм навишта шудааст. Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои рамзӣ ва афсонавӣ буда, ба сабки насри бадеӣ ва назм навишта шудааст. Забони соддаву фаҳмо дар ин китоб чунон устокорона истифода гардидааст, ки баробари хонданаш кас ба тахайюлӣ будани қаҳрамонҳо ва ҳаводиси дар асар дарҷгардида бовар намекунад. Баробари хондани китоби мазкур кас беихтиёр худро бо қаҳрамонони асар мебинад ва худро дар дунёи дигар эҳсос менамояд. Воқеан ҳам китоби “Чор дарвеш” ҷолибу хонданӣ буда, баробари ба даст гирифтанаш дигар наметавонед, сар аз болои китоб бардоред.
Қаҳрамонҳои асари “Чор дарвеш” чор дарвеш буда, ҳар яке аз онҳо саргузашти ҷолиби худро дорад. Дарвешон дар мулоқот бо шоҳ саргузашти худро баён мекунанд, ки пур аз ишқ, ранҷу машаққат, ғаму шодӣ ва панду андарз аст. Саргузашти ҳар яке аз қаҳрамонҳои асар саропо аз фоҷиаву ҳодисаҳои ғамангез иборат буда, месазад, ки онро ба даст гирифту мутолиа намуд.
«Чор Дарвеш» дорои мазмуни ахлоқӣ ва ирфонӣ буда, арзишҳои ишқи пок, ҳикмат, тақво ва инсондӯстиро инъикос мекунад.
«Ҳикояти Чор Дарвеш» дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон маъруф аст. Асар борҳо ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, ки таваҷҷуҳи зиёди хонандагонро ба худ ҷалб намудааст.
Аҳадуллои МиРЗОАЛӣ
Хатлон
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00