ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кампири човандоз


Кампири човандоз




Бемориҳо  ҳар  хел мешаванд. яке ба касалии дил гирифтор мегардаду дигаре бо фишори баландии  хун.  Сеюминро  дарди  гурда  азоб медиҳаду носуде аз талхаю  ҷигар  азият  мекашад. гарму  хунукшавии панҷаҳои пойро табибон аломати  касалии  қанд медонанд.  гирифтани иштиҳою  нахӯрдани хӯрок  ва  ҳазм  накардани  он  бошад,  касро  ба лоғарию  харобӣ  оварда мерасонад, ки илми тиб чораи ҳамаашонро меёбад. Лекин, боз ҳастанд касалиҳои  дигаре,  ки хилъатсафедон  дар  табобати   онҳо  оҷиз  мемонанд.  Фарбеҳшавии аз  ҳад  зиёд  аз  қабили ҳамин хел бемориҳоест, ки  ҳарчанд  дар  назари аввал  хандаовар  намояд  ҳам,  лекин  духтурон онро  бемории  ҷиддӣ меҳисобанду  барои пешгирияш  донистаю надониста  ҳазоруяк дорую  дармон  мефармоянд,  зеро  бемор тахтамашқи  табибон аст.

Фалокат  аз  таги пой  мехезад.  Кампири хушдоманам  баъди  аз осоишгоҳ  баргаштанаш чашм  расидагӣ  барин яку  якбора  ба  касалии  ба  қавле  бедавои фарбеҳшавӣ  гирифтор гардид.  Сабаби  онро баъзеҳо  дар  осоишгоҳ чарида  гаштани  кампир маънидод намуда, маро тасалло  медоданд,  ки гӯё  он  худ  ба  худ  мегузаштааст,  вале  ҳайҳот, ки  тахминашон  нодуруст  баромад.  Баъди аз  осоишгоҳ  баргаштан  баръакс  иштиҳои пиразан  қозгир  шуду ҳар  чизеро,  ки  меёфт, мисли аждаҳо фурӯ мебурд.  Ду-се  табақ  ошу чанд  лаълӣ  гӯшти  бирён  барояш  алейк  намешуд.  Мағзу  чағзи  аз рӯи  дастархони  мардум рӯфтааш  барои  ӯ  газак ҳисоб  меёфт.  Онҳоро дар  кисаи  ҷомааш,  ки мисли халтаи дарозе аз дарун дӯхта буд, пур намуда,  раҳораҳ  нухшор карда  мегашт.  Барои ҳамин дугонаҳои ҳамсолаш вайро кампири халта лақаб дода буданд.

Чут зада бароям, маоши ночизи банда барои сер кардани шиками ғори кам-пир асло басанда набуд, чи расад вайро аз рӯи хоҳишаш сарупо кардану баҳраш харидани  куртаҳои  рангобаранг,  ки  гӯё ҳамсолонаш ҳар рӯз онҳоро даҳ бор иваз мекарданд. 

-  Шояд  пиразанро  боз  ба  осоишгоҳ фиристонам,  ки  дар  он  ҷо  хӯрокҳои серғизо бисёр аст, -андешидам дар дил, вале  ҳисоб  карда  бароям,  сарам  чарх зад, чунки нархи осоишгоҳҳои сабилмонда он қадар осмониянд, ки ҳатто хазинаи мирӣ  дар  як  они  воҳид  холӣ  мешавад. Ман бошам, на шоҳаму на амиру вазир. Бо  нӯги  қалам  илоҷе  карда,  ризқу  рӯзӣ меёбам.  Фарзандонам  ҳам  мактабраваканду чор тангаяки маоши маро мепоянд. 

Даҳонам  боре  хориду  ба  ҳамсарам гуфтам, ки чи мешавад агар ба духтурон муроҷиат карда, меъдаи гов, э кампирро ҷарроҳӣ  намоем,  зеро  рӯдаи  одамизод бе  ин  ҳам  дароз  аст.  Агар  онро  андаке кӯтоҳ намоянд, шояд аз пурхӯрӣ каме монад, вале занак қиёматро ба сарам қоим намуд.

-  Ҳоло  модарҷонаки  ман  барои  ту гов  ҳам  шудааст-а?  -гӯён  мушташро ба  сарам  қумғон  кард  ва  бо  ғалтаки зуволатунуккунӣ  чунон  ба  сарам  фаровард, ки чашмонам сиёҳӣ зад.

Ин хабарро шунида,  мадараш якбора мисли баАрфбод пу тухма кард, ки домод нашуда мур! дигарҳо хушдоманҳояшонро рӯйи даст бардошта мегарданду ман бошам, мазори бешафоатам.

Пиразан  аз  пурхӯрӣ  рӯз  ба  рӯз  мевармосиду вазнаш тарозузеркун мешуд. Кадоме ба духтараш тавсия додааст, ки лижаронӣ ба кампир фоида дораду вазнашро мепартояд.

-Дар  замистон  –ку  як  илоҷ  кардан мумкин,  лекин  дар  тобистон  барфро  аз куҷо меёбед? - фикр кардам ман. Магар, ки пиразанро гирифта ба Сафеддара барем.  Аммо  вайро,  ки  лижарониро  наметавонад,  ҳаргиз  танҳо  гузоштан  мумкин нест. Кампири Худозада мабодо боз дар ягон ҷару ҷӯе сарозер афтода, ҳаром намурад,  ки  ҳамаамон  шарманда  шавем. Дар барфбоди он ҷойҳо мурдаи ӯро ҳатто куҳнавардон ҳам ёфта наметавонанд.

Бо як тир – ду нахчир. Кимкадом як мандонами дигаре фармудааст, ки пиразан агар аспсаворӣ кунад, ҳам хароб ме-шаваду ҳам ҳунари човандозиро ёд мегирад. Ин маслиҳат ба кампиру духтараш маъқул шуда, аз гиребони банда чорчангола гирифтанд, ки сарамро ба санг зада, аспи бодпое ёфта биёрам.

-  Пиразан  дар  пеши  чашмамон бошад,  аз  ҳазор  Сафеддараравию лижаронӣ  беҳтар,  -  гуфт  завҷаам  каме мулоим шуда ва аз аспи ҷаҳл андаке фаромад.

«Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз, ки эзид  дар  биёбонат  диҳад  боз»  гуфтани мардум  ба  хотирам  расиду  ба  ёд  овардам, ки чанд сол пештар ба як галлабони шиносам дурбини аз Россия овардаамро барои тамошои таллу теппаҳою ёфтани аспҳои аз галла дурафтода туҳфа карда будам. Телефони мобилиро гирифта, ба ошноям занг задаю воқеаро нақл кардам.

Баъди  чанд  рӯз  вай  савори  як  аспи бодпои  ҷавмасте  ба  деҳа  омад.  Онро дар  шохи  беди  назди  ҳавлӣ  қантар  намуда, ҳатто як пиёла чой нанӯшидаю бо узри он ки галла мабодо дар набуданаш пароканда нашавад, саросема баргашт.

Кампири  халта  ҳунари  човандозироку ёд нагирифт, вале бо вазни гарони худ аспи бечораро аз пою пар афтонд.

Рӯям  дуд  мекунад,  ки  барои  овардани аспи дигар ба галлабони шиносам занг занам…

Саидҷаъфари БАЁЗӢ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода