Зуком ва роҳҳои пешгирии он
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 0
Тани гарм бедард нест. Вобаста ба мавсими сол баъзе бемориҳо: зуком, диққи нафас, дарди дил ва ғайра авҷ гирифта, касро азият медиҳанд. Бемор дар бисёр ҳолатҳо ба худмуолиҷа машғул шуда, ба ҷойи дармонёбӣ, баръакс бемори бистарӣ мешавад. Дар ин ҳолат бояд ба духтур муроҷиат кард. Зеро танҳо маслиҳати мутахассисони соҳаи тиб метавонад пеши роҳи чунин бемориҳои мавсимиро бигирад.
Бо ҳамин мақсад рӯзномаи “Хатлон” тасмим гирифтааст, ки гӯшаи махсусро ба унвони «“Хатлон”: Саломат бошед!» таъсис диҳад. Дар ин гӯша шумо метавонед аз маслиҳатҳои табибону мутахассисони варзида бархӯрдор бошед. Инак, тавсия ва маслиҳатҳои Муродҷон Бобоҷонов, табиби бемориҳои сироятиро пешкаши хонандагон менамоем.
Яке аз бемориҳое, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон авҷ мегирад, зуком мебошад. Зуком бемории шадиди сироятиест, ки бо иллатёбии роҳҳои нафас ва аломатҳои заҳролудии бадан мегузарад.
Ба ақидаи олимон, зуком шоҳи эпидемияҳо ба ҳисоб меравад. Он бемориест, ки дар муҳлати кӯтоҳ садҳо миллион одамро фаро гирифта метавонад.
Манбаи беморӣ шахси бемор мебошад, ки дар организми ӯ вирус аз 7-10 рӯз бештар боқӣ монда метавонад. Интиқоли сироятёбӣ аз шахси бемор бо роҳҳои ҳавогӣ ва қатрагӣ ба амал меояд.
Аломатҳои зуком
Дарди сар, бемадорӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилзании тез-тез, хушк шудани пӯсти бадан, баланд шудани фишори хун, кам гаштани ихроҷи пасафкан, давраи табкунии кӯтоҳ аз 2-5 рӯз. Аломатҳои заҳролудӣ хеле зуд ташаккул меёбанд. Дарди сар, чарх задани сар, қайкунӣ, зиёд шудани ҳиссиёти ломиса (эҳсоси дард дар бадан), ошуфтагӣ, дар баъзе кӯдакон тирагии ақл, васваса ё фиреби эҳсосот, аломатҳои минигиалии бадан, дарди мушак ва табларза аломатҳои зуком буда метавонанд. Дар натиҷаи осеб дидани капелярҳо (рагҳои хунгарди майда), хуншорӣ аз бинӣ сар мешавад.
Дар бадан доначаҳои хунрезиовар зоҳир шуда метавонад. Зуком дар кӯдакони хурдсол бо рагкашии ташаннуҷ (рагкашии мушакҳо), беҳушшавӣ, қайкунӣ, баъзан аломатҳои менингизми сар (аломатҳои илтиҳоби пардаи мулоими майнаи сар) дар вақти баланд шудани ҳарорати бадан мушоҳида мегардад. Маҳкам будани бинӣ ва варамидани луобпардаҳои роҳҳои нафас, сулфаи хушк, синдроми диққи нафас, сулфаи хушку дағал, овози бемор суст ва гирифтагӣ мегардад.
Паёмадҳо
Диққи нафас, пневманияҳои интерситсиолӣ, бронхит, илтиҳоби пардаҳои шуш, гайморит, ринит, невралгияҳо, плекситҳо, варами майнаи сар, энсефалити хунрезиовар, зарар дидани асабҳои шунавоӣ ва биноӣ.
Пешгирӣ
Барои пешгирии ин беморӣ бояд ҳамарӯза ба варзиш ва обутоби бадан машғул шавед. Хӯрокҳои серғизо истеъмол карда, худро дар фасли зимистон гарм нигоҳ доред. Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудани аъзои як хонавода, ба хотири паҳн накардани вируси зуком ҳатман даҳон ва биниро бо ниқоби докагин пӯшонидан лозим аст. Ҳар пагоҳӣ ҳавои хонаро тоза, карда бо испанд дуд андозед. Ҳамчунин, ҳавои хонаро гарм нигоҳ доред.
Муолиҷа
Хонандаи азиз! Ҳамчун ёрии аввалия барои паст кардани ҳарорати бемор аз доруҳои парасетамол, аспирин истифода баред. Молидани спирт дар бадани бемор низ ба манфиат аст. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар вақти пайдо шудани аломатҳои беморӣ, ҳатман ба духтури ҷойи истиқомати худ муроҷиат кунед. Табобатро танҳо бо машварати табибон ба роҳ монед.
Масъули гӯша Рамазони МирзомиддиН, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...